Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд

Дар бозии даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф аз дастаи Тоҷикистон Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашӯрмамадов ва Суннатулло Азизов ба нишон расониданд. Гуфта мешавад, […]

Дар бозии даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф аз дастаи Тоҷикистон Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашӯрмамадов ва Суннатулло Азизов ба нишон расониданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари даври сеюми чемпионати CAFA-2022 мунтахаби Эрон ҷавонони Афғонистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард.

Пас аз се давр мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз пешсафи ягонаи ҷадвал аст. Дастаҳои Эрону Қирғизистон 4 имтиёзӣ дошта, Ӯзбекистон 2 имтиёз ба даст овардааст. Афғонистон ҳоло имтиёз нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои Қирғизистону Афғонистон 3 бозӣ гузаронда,  Тоҷикистону Эрон ва Ӯзбекистон 2 бозӣ гузаронидаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.