Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард

Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 17,3 млн доллар зиёда аз 6,6 ҳазор тонна пахта содир шудааст. Ин нишондиҳанда 3,3 баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (5,3 млн доллар) мебошад, хабар медиҳад Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо беш аз […]

Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 17,3 млн доллар зиёда аз 6,6 ҳазор тонна пахта содир шудааст.

Ин нишондиҳанда 3,3 баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (5,3 млн доллар) мебошад, хабар медиҳад Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо беш аз 285 млн долларро ташкил дод.

Аз ҷумла, содироти молу маҳсулот  аз Тоҷикистон ба ин кишвар- ҳудуди 96 млн а аз Ӯзбекистон ба кишвари мо – зиёда аз 189 млн долларро ташкил медиҳад.

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2022 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон пахта (17,3 млн доллар), семент (14,1 млн доллар), неруи барқ (12,2 млн доллар) ва алюминий (10,6 млн доллар) фиристода шудааст.

Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон асосан нуриҳои минералӣ ва кимиёвӣ, гази табиӣ, техникаи маишӣ, либос ва пойафзол, қолин, маҳсулоти абершим, помидор ва тарбузу харбуз ворид карда мешавад.

Охири моҳи июн як ҳайати “Узтекстилпром” дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон бо раҳбарияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти вилояти Хатлон ва Суғд дурнамои таъсиси корхонаи муштараки коркарди пахтаро баррасӣ кард.

Қаблан дар Фарғона байни доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Фарғона дар мавриди таъсиси корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Ашт, ҳамкорӣ миёни корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд», Корпоратсияи «Камоли Хуҷандӣ» ва як ширкати Кореяи Ҷанубӣ тавофуқ ҳосил шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.