3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар истгоҳи метрои "Тулская" 17 феврали соли ҷорӣ бо маъмурони пулис муноқиша карда буданд, бо қарори додгоҳи Симоновскийи Маскав ба мӯҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти додситонии Маскав хабар медиҳад. "Бо назардошти мавқеи прокурори давлатии Прокуратураи метрои Маскав, суд Умари […]

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар истгоҳи метрои "Тулская" 17 феврали соли ҷорӣ бо маъмурони пулис муноқиша карда буданд, бо қарори додгоҳи Симоновскийи Маскав ба мӯҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар ин бора ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти додситонии Маскав хабар медиҳад.

"Бо назардошти мавқеи прокурори давлатии Прокуратураи метрои Маскав, суд Умари Расулҷонзода ва Саидакрам Ҳамроевро тибқи қисми 1 моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи мақомот, ки барои ҳаёташ хатарнок нест) гунаҳкор донистааст",- менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки додгоҳ Умари Расулҷонзодаро ба 3 солу 6 моҳ ва Саидакрам Ҳамроевро ба 2 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ, аз озодӣ маҳрум кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки 17-уми феврали соли равон расонаҳои русӣ аз муноқишаи бародарон Саидакрами 21-сола ва Умари 18-сола бо кормандони полис дар истгоҳи метрои "Тулская" иттило дода буданд.

Дар наворе, ки аз маҳалли ҳодиса нашр карда шуд, дида мешавад, ду полис як ҷавонро ба шикам хобонда, кӯшиши бастани дастонашро доранд. Дар ҳамон вақт ҷавони дигар аз дур давида, барои раҳоии бародараш кӯшиш мекунад ва бо кормандони полис вориди муноқиша мешавад.

Бояд гуфт, ки яке аз ҷавонҳо дар ҷойи ҳодиса, дуюмӣ рӯзи дигар дастгир карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.