Дар Қазоқистон омӯзиши забони русиро аз синфи 1-ум бекор мекунанд

Мақомоти Қазоқистон омӯзиши якбора се забонро дар синфи 1-ум аз соли нави хониш бекор мекунанд. Дар ин бора бо истинод ба вазири маорифи ин кишвар Асхат Аймагамбетов “Интерфакс” хабар медиҳад. То ин дам дар мактабҳои таҳсилоти умумии Қазоқистон дар синфҳои якум се забон – қазоқӣ, русӣ ва англисӣ дарс дода мешуд. Омӯзиши забони англисӣ аз […]

Asia-Plus

Мақомоти Қазоқистон омӯзиши якбора се забонро дар синфи 1-ум аз соли нави хониш бекор мекунанд. Дар ин бора бо истинод ба вазири маорифи ин кишвар Асхат Аймагамбетов “Интерфакс” хабар медиҳад.

То ин дам дар мактабҳои таҳсилоти умумии Қазоқистон дар синфҳои якум се забон – қазоқӣ, русӣ ва англисӣ дарс дода мешуд. Омӯзиши забони англисӣ аз синфи якум аз соли 2012 ба роҳ монда шуда буд.

Ба гуфтаи вазир, минбаъд кӯдакон аз синфи якум танҳо забони қазоқиро меомӯзанд, зеро барои омӯзиши забони русӣ ва англисӣ онҳоро дар аввал лозим аст, ки хондану навиштанро бо забони модарӣ ёд гиранд.

Ӯ зикр кардааст, ки барои кӯдакони синфи якум дар як вақт омӯхтани се забон душвор аст.

“Аз синфи дуюм омӯзиши забони русӣ ҳамчун фанни алоҳида оғоз гардида, аз синфи сеюм дар ҳамаи мактабҳо забони англисӣ омӯзонида мешавад”, – гуфтааст Аймагамбетов дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи ҳукумат.

Дар ҳамин ҳол, дар барномаи мактабхонҳои синфҳои якуму дуюм, ки бо забони русӣ таҳсил мекунанд, ду фан – забони русӣ ва англисӣ боқӣ монда, дар ин ҷо ҳам омӯзиши забони англисӣ аз синфи сеюм оғоз мегардад.

Моҳи август мақомоти Қазоқистон маълумот бобати дар муддати 6-7 сол бекор кардани синфҳо бо забони русиро рад карданд. Мавод дар ин бора дар барномаи шабакаи телевизиони 31 намоиш дода шуд.

“Ҳам дар синфҳои таҳсилашон бо забони қазоқӣ ва ҳам русӣ, забони русӣ мисли пешина омӯхта мешавад, дар ин самт дигар нақшаҳо нест”, – иброз дошта буд он замон муовини аввали вазири маориф Шолпан Каринова.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.