Идомаи задухӯрди шадид миёни Толибон* ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер вориди даргирии шадид гардидаанд, хабар медиҳад агентии иттилоотии “Aamaj News”. Тибқи иттилои ин расона, субҳи имрӯз, 24 август даргирӣ дар вулусволии Хинҷ шиддат гирифт ва Толибон* бо истифода аз чархболҳо талош доранд мавзеъҳояшонро тақвият бахшанд. Дар хусуси талафоти ҷонии ҷонибҳо то кунун […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер вориди даргирии шадид гардидаанд, хабар медиҳад агентии иттилоотии “Aamaj News”.

Тибқи иттилои ин расона, субҳи имрӯз, 24 август даргирӣ дар вулусволии Хинҷ шиддат гирифт ва Толибон* бо истифода аз чархболҳо талош доранд мавзеъҳояшонро тақвият бахшанд.

Дар хусуси талафоти ҷонии ҷонибҳо то кунун маълумоти мушаххас дастрас нест.

Ба гузориши агентии иттилоотии мазкур даргирӣ ба думболи асир гирифтани шуморе аз ҷангҷуёни Толибон* аз сӯйи муқоваматгарони ҷабҳа дар Панҷшер иттифоқ афтодааст ва Толибон талош доранд ҳадди ақал ҷасади ҷангҷӯёнашонро аз кӯҳҳои Хинҷ дастрас намоянд.

Бояд гуфт, ки шаби гузашта дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамат ба як постгоҳи Толибон* дар вилояти Кописо се толиб кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.

Толибон ҳанӯз дар мавриди ин ҳамла чизе нагуфтаанд. Онҳо ҳамвора даргириҳо дар Панҷшер рад мекунанд ва иддао доранд, ки дар ин минтақа ҳеҷ як нерӯи муқовиматгар вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзе пеш роҳбари Толибон* бо фармоне барои вилояти Панҷшер ва вулусволиҳои Андаробу Бағлон масъули низомии нав таъйин карда буд.

Тибқи ин фармон Мулло Абдулқаюм Зокир, масъули низомии умумии вилояти Панҷшер ва Андаробу Бағлон ва Мулло Муҳаммад Тайиб Ҳаққонӣ ба ҳайси қумондони амнияи Панҷшер таъйин шуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.