Тоҷикистон содироти маҳсулотро ба вилояти Свердловск се баробар зиёд кардан мехоҳад

Дар соли 2023 ду-се баробар зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Русия ба нақша гирифта шудааст. Муовини раиси Шӯрои машваратии назди консулгарииТоҷикистон дар Екатеринбург Яъқубҷон Умаров дар ин бора ба хабаргузории ТАСС изҳори назар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан як ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии директори Агентии содирот аз шаҳри Екатеринбург боздид […]

Дар соли 2023 ду-се баробар зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Русия ба нақша гирифта шудааст. Муовини раиси Шӯрои машваратии назди консулгарииТоҷикистон дар Екатеринбург Яъқубҷон Умаров дар ин бора ба хабаргузории ТАСС изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан як ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии директори Агентии содирот аз шаҳри Екатеринбург боздид намудааст. Гуфта мешуд, ҷумҳурӣ ба афзоиши содироти сабзавоту мева манфиатдор буда, вилояти Хатлон ба имзои созишномаи ҳамкорӣ омода аст.

“Ҳайати Тоҷикистон аз вилояти Свердловск боздид намуд (дар ҷараёни намоишгоҳи “Иннопром” дар Екатеринбург), онҷо намояндагони соҳаҳои гуногун ҳузур доштанд. Бо чанде аз соҳибкорон дар бораи таҳвили намак, сабзавоту мева ва хушкмева қарордод баста шуд”, – иброз дошт ӯ.

Номбурда зикр кардааст, ки бо мақсади афзоиши савдои дуҷониба дар Тоҷикистон анбори махсуси муҷаҳҳаз бо яхдон сохта мешавад.

“Яхдонҳо барои он лозиманд, ки ҳосил ҷамъоварӣ ва вайрон нашуда, аз ҳамон ҷо ба вилояти Свердловск фиристода шавад”, – иброз доштааст Умаров.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Ҳавзаи федералии Урал ва Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 70 млн долларро ташкил дода, ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125% афзуд.

Хӯрокворӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли он аз ҷумлаи маҳсулоти асосӣ мебошанд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон 50 млн долларро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.