Актёрони тоҷик дар филми русиягии мазҳакавии «Лена и справедливость» нақш бозиданд

Инна Алишина, Asia-Plus

Актёрони тоҷик Парвиз Пӯлодӣ ва Соро Сабзалиева дар филми «Лена и справедливость» (Лена ва адолат), ки чанде пеш, аз 25 август дар Русия ба намоиш бароварда шуд, нақш бозиданд.

Дар филми аввалини коргардон Екатерина Вешева Парвиз нақши асосӣ – муҳоҷири кории ошиқро иҷро мекунад.

Мақсуд дар Русия бе ягон ҳуҷҷат монда, бо ҳамин сабаб расман ҳаёти шахсиашро бо модари се фарзандаш – Лена ба роҳ монда наметавонад.

Тибқи сюжети филм, ин ҷуфт муддати даҳ сол зиндагӣ дошта, бо тарбияи фарзандон рӯзгори худро пеш мебаранд.

Лена тӯйи афсонавиро орзу карда, лекин ба далели ҳуҷҷат надоштани интихобкардаи худ, онро гузаронида наметавонад. Ҳамчунин нигарон аст, ки Мақсудро метавонанд аз Русия хориҷ кунанд.

Шахси интихобкардаи ӯ тасодуфан шиносномаи худро гум карда, ҳоло ба ҷойи идораи САҲШ (ЗАГС), тез-тез ба дасти кормандони пулис меафтад.

Аммо Лена зани қавиирода буда, барои ишқу хушбахтии худ омода аст, ки ҳар рӯз мубориза барад.

Дар ин филми мазҳакавӣ зани рус Мақсудро аз шуъбаи пулис раҳо карда, ҳар бор ба шахсони анфиатдор ҳарчи бештар пул медиҳад.

Ба ҷуз Парвиз Пӯлодӣ ҳунарманди дигари тоҷик Соро Сабзалиева низ дар ин филм нақш бозидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...