СҶТ: Аз оғози сол дар саросари дунё беш аз 1 млн нафар аз COVID фавтиданд

Asia-Plus

Аз оғози соли 2022 дар саросари дунё аллакай беш аз 1 млн нафар аз сирояти коронавирус вафот карданд, изҳор дошт рӯзи панҷшанбе, 25 август зимни нишасти матбуотӣ мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Адханом Гебрейесус, хабар медиҳад РИА Новости.

“Имсол мо марҳалаи фоҷиавии сабти марги 1 млн нафарро аз COVID-19 паси сар кардем. Вақте ки танҳо дар соли ҷорӣ 1 млн нафар аз COVID-19 фавтиданд, наметавонем бигӯем, ки бо COVID-19 зиндагӣ карданро омӯхта истодаем, ҳарчанд барои пешгирии ин маргҳо тамоми воситаҳои заруриро дар даст дорем”, – изҳор доштааст ӯ.

Роҳбари Созмон қаблан зикр карда буд, ки давоми як моҳ ҳудуди 15 ҳазор кас аз сирояти коронавирус фавтида, тайи чор ҳафтаи ахир теъдоди маргҳо 35% афзуд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус дар Тоҷикистон дар робита ба  афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, дар бораи ҳатмӣ шудани пешниҳоди ПСР-тест зимни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон бо нақлиёти ҳавоӣ қарори дахлдор қабул кард.

Ба Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки ин қарорро ба маълумоти сокинон ва меҳмонони кишвар расонад.

Бино ба маълумоти Агентӣ, ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.

Хотиррасон мешавад, ки ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон пешниҳоди ПСР-тестро ҳангоми вуруд ба ҷумҳурӣ расман бекор накарда буд. Мувофиқи қарори ситод, аз 15 марти соли 2022 ба мусофирони ба кишвар омада кофӣ буд, ки шаҳодатнома дар бораи ваксинзаниро бо худ дошта бошанд. Лекин дар сурати набудани он, пешниҳоди маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ПСР-тест лозим меомад, ки 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст.

Лекин бо сабаби беҳбуди вазъи марбут ба коронавирус, аксарият аз тест намегузаштанд ва санҷишҳо бештар хусусияти тавсияро доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...