Мақомоти Тоҷикистон тоҷирони ВМКБ-ро дастгирӣ мекунанд

Аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” боз шуд. Маросими ифтитоҳи иншооти зикршуда дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузории “Помиринвсет-2022” доир гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита. Гуфта мешавад, бино бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин буда, барои соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати […]

Аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” боз шуд.

Маросими ифтитоҳи иншооти зикршуда дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузории “Помиринвсет-2022” доир гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, бино бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин буда, барои соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати табодули таҷриба ва маълумот бо тоҷирони муваффақи ватанӣ ва хориҷӣ шароити наву мусоид муҳайё шудааст.

Дар маълумот таъкид мешавад, ки дар ин ҷо барои соҳибкорон кумаки методӣ ва машваратӣ дастрас хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки МД “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ охири соли 2018 таъсис дода шуд.

Дар ин марказ соҳибкорон ба истифода аз машваратҳои ҳуқуқӣ, доир ба пардохту расмиёти андоз ва дигар хидматрасониҳои муҳосибӣ ва молиявӣ имкон пайдо мекунанд.

Барои кор дар ин муассиса машваратчиёни касбӣ ҷалб шуда, дар мавриди масоили таъсиси корхона, расмиёти андозбандӣ ва гумрук, тафтишу санҷишҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, инчунин хидматрасониҳои давлатӣ маълумоту машварат медиҳанд.

 Гуфта мешавад, Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” имконияти мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар буда, он дар баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ ва малакаҳои тиҷоратии ҷавонон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.