Тоҷикистон содироти барқро ба таври назаррас зиёд кард

Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 64,5 млн доллар неруи барқ интиқол дода шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (55 млн доллар) ба андозаи 17,2% зиёдтар мебошад. Харидори асосии барқи Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Афғонистон буда, инчунин барқ аз […]

Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 64,5 млн доллар неруи барқ интиқол дода шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (55 млн доллар) ба андозаи 17,2% зиёдтар мебошад.

Харидори асосии барқи Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Афғонистон буда, инчунин барқ аз ҷумҳурӣ дар ҳаҷмҳои начандон зиёд ба Ӯзбекистон низ интиқол дода мешавад.

Мувофиқи қарордодҳои имзошуда, Афғонистон барои ҳар 1 киловат-соат барқ аз Тоҷикистон 4,67 сент ва Ӯзбекистон – 2 сент маблағ пардохт мекунанд.

Таърифа (тариф)-и нисбатан пасттар барои Ӯзбекистон бо он маънидод мешавад, ки дар навбати худ Тоҷикистон аз ин кишвар бо нархи имтиёзнок гази табиӣ мегирад.

Қаблан аввали соли равон раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” хабар дода буд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин ҳолатҳои қатъи муваққатии интиқоли барқ ба Афғонистон бо сабаби мушкилот дар шабакаҳои барқи ин кишвар,  имсол ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, қарзи ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон аз Тоҷикистон барои интиқоли барқ ба ин кишвар 28 млн долларро ташкил медиҳад

Дар нишасти хабарии рӯзи 1 август дар Душанбе раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон раҳбарияти ширкати Афғонистон рӯйи ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ мекунад.

Асозода зикр кард, ки моҳи июли соли равон DABS ба суратҳисоби “Барқи тоҷик” 2 млн доллар гузаронида, корҳо дар ин самт идома доранд ва қарзи боқимонда давра ба давра пардохт хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.