Афғонистон аз барқ ба Тоҷикистон 28 млн доллар қарздор аст

Қарзи ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои интиқоли барқ ба ин кишвар аз Тоҷикистон 28 млн долларро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода. Раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ […]

Қарзи ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои интиқоли барқ ба ин кишвар аз Тоҷикистон 28 млн долларро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода.

Раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ медиҳад.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон раҳбарияти ширкати Афғонистон рӯйи ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ мекунад.

Асозода зикр кард, ки моҳи июли соли равон DABS ба суратҳисоби “Барқи тоҷик” 2 млн доллар гузаронида, корҳо дар ин самт идома доранд ва қарзи боқимонда давра ба давра пардохт хоҳад шуд.

“Содироти барқ идома дошта, ҳеҷ гуна мушкилоте нест. Ҳамаи зербинои зарурӣ ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар қаламрави Афғонистон дар ҳолати коршоям қарор доранд", – иброз дошт ӯ.

Роҳбари ширкат таъкид дошт, ки бар асари мушкилот дар шабакаҳои энергетикии Афғонистон, дар муқоиса бо солҳои пешин имсол интиқоли барқ ба таври назаррас кам шуд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи декабри соли гузашта “Барқи тоҷик” ва DABS  ба замимаи созишномаи дар соли 2008 имзошуда дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон то соли 2028 протокол ба имзо расониданд.

Дар қарордоди иловагӣ интиқоли шабонарӯзии барқ аз Тоҷикистон дар соли 2022 дар ҳаҷми 400 мегаватт-соат дар мавсими баҳору тобистон (моҳҳои май-сентябр) ва 25-30 мегаватт-соат дар мавсими тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-апрел) пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ин қарордод, барои ҳар як киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон DABS 4,67 сент пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 734 млн киловатт-соат неруи барқ интиқол дода шудааст.

Дар маҷмӯъ, бо назардошти интиқоли барқ ба Ӯзбекистон, ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ-июни соли равон ҳудуди 1,6 млрд киловатт-соатро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.