Пешниҳоди ПСР-тест зимни вуруд бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон боз ҳатмӣ шуд

Пешниҳоди ПСР-тест (маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19) ё гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан зимни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон бо нақлиёти ҳавоӣ боз ҳатмӣ шуд. Бо назардошти афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус дар ин бора қарор қабул кард, хабар медиҳад АМИТ”Ховар”. Ба Агентии авиатсияи […]

Asia-Plus

Пешниҳоди ПСР-тест (маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19) ё гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан зимни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон бо нақлиёти ҳавоӣ боз ҳатмӣ шуд. Бо назардошти афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус дар ин бора қарор қабул кард, хабар медиҳад АМИТ”Ховар”.

Ба Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки ин қарорро ба маълумоти сокинон ва меҳмонони кишвар расонад.

Бино ба маълумоти Агентӣ, ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.

Хотиррасон мешавад, ки ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон пешниҳоди ПСР-тестро ҳангоми вуруд ба ҷумҳурӣ расман бекор накарда буд. Мувофиқи қарори ситод, аз 15 марти соли 2022 ба мусофирони ба кишвар омада кофӣ буд, ки шаҳодатнома дар бораи ваксинзаниро бо худ дошта бошанд. Лекин дар сурати набудани он, пешниҳоди маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ПСР-тест лозим меомад, ки 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст.

Лекин бо сабаби беҳбуди вазъи марбут ба коронавирус, аксарият аз тест намегузаштанд ва санҷишҳо бештар хусусияти тавсияро доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.