Эмомалӣ Раҳмон ба 23 тан рутбаи генералӣ тақдим кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба беш аз 180 роҳбару намояндаи мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар мукофоти давлатӣ ва ба 23 тан рутбаҳои генералӣ дод.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар бо нашри ин хабар гуфт, онҳо  барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок  ба чунин унвонҳо сазовор шуданд.

Мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии низмоӣ имрӯз, 30 август дар Қасри миллат дар фазои тантанавӣ ба онҳое, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд супорида шуд.

Манбаъ афзуд, дар маросим, 3 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин бо фармони президент ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-лейтенанти милитсия”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майор”, “генерал-майори адлия”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори хадамоти гумрук” ва “генерал-майори хизмати дохилӣ” супорида шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии олии ҳарбӣ сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишвар мебошад.

Дар маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, табрик гуфт.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 августи соли равон низ Эмомалӣ Раҳмон, ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...