Эҳёи дубораи муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Самарқанд

Имрӯз, 30 август дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти класикии тоҷику форс қомат афрохт. Дар ин бора рӯзномаи маҳалии “Овози Самарқанд” хабар медиҳад. Манбаъ бо нашри аксҳо аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи устод Рӯдакӣ навиштааст, ки дар ин маросим ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва роҳбарону фаъолони вилоят иштирок доштанд. Барафрохтани […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 30 август дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти класикии тоҷику форс қомат афрохт. Дар ин бора рӯзномаи маҳалии “Овози Самарқанд” хабар медиҳад.

Манбаъ бо нашри аксҳо аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи устод Рӯдакӣ навиштааст, ки дар ин маросим ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва роҳбарону фаъолони вилоят иштирок доштанд.

Барафрохтани ҳайкали Абдӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Самарқанд дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон, як зумра шахсиятҳои фарҳангу адаби Самарқанд аз баркандани ҳайкали Рӯдакӣ дар Самарқанд ва  дар зери партобҳо хобида будани он нигаронӣ карда, аз роҳбарияти ин кишвар дархост карда буданд, ки муҷассамаи Рӯдакӣ дар Самарқанд дубора барқарор шавад.

Аз ҷумла,  Амина Шарофиддинова, рӯзноманигор ва адиби тоҷики муқими Самарқанд бо нашри як мақола дар рӯзномаи "Ховар" (31.01.2022, саҳ.2-3) таҳти унвони “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад” нигаронӣ карда буд, ки ҳайкали Рӯдакиро, ки 13 сол пеш канда буданд, дар зери партобҳо бо як пойи канда ва сарозер хобида пайдо кард.

“Моҳе қабл тасодуфи ногаҳоние рух дод. Моро бахте даст доду пинҳонӣ вориди ҷое шудем ва бар натиҷаи кофтукови ҳарисона аз ҷои ғайричашдошт — зери партовҳо ҳайкали Одамушшуарои бо як пойи канда сарозер хобидаро пайдо кардему ҳуш аз сар парид, муддате худ карахту ҳайкал шудем ва дуд аз фиғонҳо баромад. Беихтиёр об бар чашм гирифта, мисраи “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад”-ро ба забон гирифтем”, – нигаронӣ карда буд Шарофитдинова.

Ӯ ҳамчунин, бо ирсоли номае аз Шавкат Мирзиеёв, раисҷмуҳури Ӯзбекистон хоҳиш намуда буд, ки баҳри боз ҳам мустаҳкамтар гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳайкали Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дубора барқарор карда шавад.

Ин навишта, миёни аҳли фарҳангу адаби Тоҷикистону Ӯзбекистон вакуниши тундро ба бор овард ва бисёриҳо дар чунин вазъ гирифтор шудани ҳайкали устод Рӯдакӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Дере нагузашта ба мақолаи Амина Шарофитдинова маъмурияти Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд вокуниш кард. Дар вокуниши онҳо зикр мешуд, ки бо ташаббуси ҳокими вилоят ва ҳокими шаҳри Самарқанд дар кӯчаи ба номи Устод Рӯдакӣ майдоне ҷудо гардида, дар он ҷо муҷассамаи нави Одамушшуаро гузошта хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки муҷассамаи нави Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ нисбати нимпайкара ва муҷассамаи деринааш мазмунан ва шаклан пурмӯҳтавотар, зеботар ва бузургтар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 22-юми марти соли 1996 пайкараи Абуабдуллоҳ  Рӯдакӣ дар майдони Регистони Самарқанд қад афрохта, парда аз рӯяш бардошта шуда буд. Вале соли 2009 онро бо сабаби бозсозӣ канданду ҳоло ҷои он пайкараи Ислом Каримов қомат афрохтааст. Ҳоло муҷассамаи нави Абуабдуллоҳ Рӯдакиро дар хиёбони ба номи Рӯдакӣ, ки дар  чорроҳои он боғ ҳам бунёд шудааст, гузоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.