Эмомалӣ Раҳмон ба 23 тан рутбаи генералӣ тақдим кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба беш аз 180 роҳбару намояндаи мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар мукофоти давлатӣ ва ба 23 тан рутбаҳои генералӣ дод. Хадамоти матбуотии президенти кишвар бо нашри ин хабар гуфт, онҳо  барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок  ба чунин унвонҳо сазовор шуданд. Мукофотҳои […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба беш аз 180 роҳбару намояндаи мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар мукофоти давлатӣ ва ба 23 тан рутбаҳои генералӣ дод.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар бо нашри ин хабар гуфт, онҳо  барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок  ба чунин унвонҳо сазовор шуданд.

Мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии низмоӣ имрӯз, 30 август дар Қасри миллат дар фазои тантанавӣ ба онҳое, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд супорида шуд.

Манбаъ афзуд, дар маросим, 3 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин бо фармони президент ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-лейтенанти милитсия”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майор”, “генерал-майори адлия”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори хадамоти гумрук” ва “генерал-майори хизмати дохилӣ” супорида шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии олии ҳарбӣ сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишвар мебошад.

Дар маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, табрик гуфт.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 августи соли равон низ Эмомалӣ Раҳмон, ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.