Мадинаи Аҳмад – хоҳари Қурбони Чол ба 12 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Бохтар Мадинаи Аҳмад, хоҳари қумандони замоне машҳур Қурбони Чолро ба қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки дар натиҷаи он кӯдаки синфи 2 ба ҳалокат расидааст, гунаҳкор дониста, ба 12 – соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора, Муродзода Мустафо, судяи суди шаҳри Бохтар ба “Asia-Plus” хабар дод. Муродзода Мустафо, раисикунандаи мурофиаи судии Мадинаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Додгоҳи шаҳри Бохтар Мадинаи Аҳмад, хоҳари қумандони замоне машҳур Қурбони Чолро ба қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки дар натиҷаи он кӯдаки синфи 2 ба ҳалокат расидааст, гунаҳкор дониста, ба 12 – соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора, Муродзода Мустафо, судяи суди шаҳри Бохтар ба “Asia-Plus” хабар дод.

Муродзода Мустафо, раисикунандаи мурофиаи судии Мадинаи Аҳмад гуфт, ки ҳукм 23 августи соли 2022 содир шудааст.

“Дар рафти мурофиаи судӣ Мадинаи Аҳмад дар содир кардани ҷинояти қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, яъне моддаи 110 қисми 3-и КҶ ҶТ иқрор шуд. Ҳамин тавр, дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи ӯ пурра тасдиқи худро ёфт ва суд ӯро 12 сол аз озодӣ маҳрум кард”, – иброз намуд Муродзода Мустафо.

Ёдовар мешавем, ки Мадинаи Аҳмад, соли таввалудаш 1995, зодаи ноҳияи Кӯшониён хонанадаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Бохтар Зиёдулло Розиқовро 27-уми майи соли равон дар манзили иҷораашон бо миёнбанди чармии мардона лату кӯб мекунад ва дар натиҷа, кӯдаки хурдсол ба ҳалокат мерасад.

“Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷили занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаасифона, кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд”,- гуфта буд як манбаъ.

Маҳкумшуда Мадинаи Аҳмад сабаби лату кӯби кӯдакро дар рафти тафтишоти пешакӣ шарҳ дода гуфтааст, ки Зиёдулло Розиқов, ҷияни шавҳаршавандааш аз ҳамёни ӯ 200 сомониро гирифтааст.

Гуфтан зарур аст, ки Мадинаи Аҳмад хоҳари қумандони машҳур Қурбони Чол аст. Ӯ хахатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар буда, ба ҳайси ёвари директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 и шаҳри Бохтар кор мекардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.