Дар Бохтар як хонандаи синфи 2 аз сӯйи як зан кушта шудааст. Кӯдакро лату кӯб кардааст

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон як кӯдаки мактабхони синфи 2, пас аз лату кӯби як зани 25-солаи сокини ин шаҳр фавтидааст. Ин хабарро манбаъҳои гуногун ба "Азия-Плюс" таъйид карданд. Ин ҳодиса рӯзи ҷумъаи 27-уми май сар задааст. Баъди лату кӯби кӯдак, гумонбар хонаро тарк карда, аммо ба ёрии таъҷили занг зада, вале кӯдак дар роҳ то беморхона фавтидааст. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон як кӯдаки мактабхони синфи 2, пас аз лату кӯби як зани 25-солаи сокини ин шаҳр фавтидааст. Ин хабарро манбаъҳои гуногун ба "Азия-Плюс" таъйид карданд.

Ин ҳодиса рӯзи ҷумъаи 27-уми май сар задааст. Баъди лату кӯби кӯдак, гумонбар хонаро тарк карда, аммо ба ёрии таъҷили занг зада, вале кӯдак дар роҳ то беморхона фавтидааст.

Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” фавти ин хонандаи синфи 2-юми мактаби рақами 8- шаҳри Бохтарро таъйид кард.

“Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷили занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаасифона кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд. Айни замон дар боздошт қарор дорад. Ба эҳтимоли зиёд нисбати гумонбаршаванда, зани тақрибан 25-сола, бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад”,- гуфт манбаъ.

Як манбаъи дигар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин духтари 25-сола гуё ҳамчун арӯсшаванда дар ин хона зиндагӣ мекардааст. Падару модари кӯдак аз ҳам ҷудо шуда будаанду ӯ дар парастории падар монда будааст. Нигоҳу бини кӯдак ба ӯҳдаи ҳамин арӯсшаванда вогузор шуда будааст, ки дар вақти набудани падари кӯдак, ин зан ӯро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа кӯдак мефавтад.

Манбаъи мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тафсилоти бештар надод ва танҳо гуфт, ки тафтишоти ин парванда ба уҳдаи мақомоти милитсия вогузор шудааст. Ва шарҳи бештари ҳодиса баъди ба анҷом расидани тафтишот пешниҳод карда мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.