Мадинаи Аҳмад – хоҳари Қурбони Чол ба 12 соли зиндон маҳкум шуд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Бохтар Мадинаи Аҳмад, хоҳари қумандони замоне машҳур Қурбони Чолро ба қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки дар натиҷаи он кӯдаки синфи 2 ба ҳалокат расидааст, гунаҳкор дониста, ба 12 – соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора, Муродзода Мустафо, судяи суди шаҳри Бохтар ба “Asia-Plus” хабар дод.

Муродзода Мустафо, раисикунандаи мурофиаи судии Мадинаи Аҳмад гуфт, ки ҳукм 23 августи соли 2022 содир шудааст.

“Дар рафти мурофиаи судӣ Мадинаи Аҳмад дар содир кардани ҷинояти қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, яъне моддаи 110 қисми 3-и КҶ ҶТ иқрор шуд. Ҳамин тавр, дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи ӯ пурра тасдиқи худро ёфт ва суд ӯро 12 сол аз озодӣ маҳрум кард”, – иброз намуд Муродзода Мустафо.

Ёдовар мешавем, ки Мадинаи Аҳмад, соли таввалудаш 1995, зодаи ноҳияи Кӯшониён хонанадаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Бохтар Зиёдулло Розиқовро 27-уми майи соли равон дар манзили иҷораашон бо миёнбанди чармии мардона лату кӯб мекунад ва дар натиҷа, кӯдаки хурдсол ба ҳалокат мерасад.

“Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷили занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаасифона, кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд”,- гуфта буд як манбаъ.

Маҳкумшуда Мадинаи Аҳмад сабаби лату кӯби кӯдакро дар рафти тафтишоти пешакӣ шарҳ дода гуфтааст, ки Зиёдулло Розиқов, ҷияни шавҳаршавандааш аз ҳамёни ӯ 200 сомониро гирифтааст.

Гуфтан зарур аст, ки Мадинаи Аҳмад хоҳари қумандони машҳур Қурбони Чол аст. Ӯ хахатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар буда, ба ҳайси ёвари директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 и шаҳри Бохтар кор мекардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...