Шаҳрдори Душанбе ба сокинони пойтахт беш аз 6,8 млн сомонӣ кумак ҷудо кард

Раиси шаҳри Душанбе супориш дод, ки барои кумаки якдафъаина ба 5 ҳазор нафар сокинони пойтахт аз буҷети шаҳр 6 млн 812 ҳазору 299 сомонӣ ҷудо карда шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Кумаки мазкур ба чанде аз гуруҳҳои иҷтимоии шаҳрвандон расонида мешавад. Аз ҷумла ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе супориш дод, ки барои кумаки якдафъаина ба 5 ҳазор нафар сокинони пойтахт аз буҷети шаҳр 6 млн 812 ҳазору 299 сомонӣ ҷудо карда шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Кумаки мазкур ба чанде аз гуруҳҳои иҷтимоии шаҳрвандон расонида мешавад.

Аз ҷумла ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 169 ҳазор сомонӣ ва ба кормандони хадамоти коммуналии шаҳр – 4 млн 524 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо ба маблағи умумии 2 млн 119 ҳазору 299 сомонӣ кумак мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки қарори дахлдор дар бораи ҷудо кардани кумакпулӣ пеш аз ҷашни 31-умин солагии  Истиқлоли давлатиии ҷумҳурӣ содир гардида буд.

Дар шаҳрдории пойтахт зикр карданд, ки кумак имрӯз, 8 сентябр ба дасти шахсони таъиншуда расонида мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.