Кумаки пулию моддии раиси пойтахт ба 5 ҳазор сокини шаҳри Душанбе

Дар остонаи таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонид. Кумакҳои пулию моддӣ ба 5 ҳазор нафар, аз ҷумла ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин кормандони […]

Asia-Plus

Дар остонаи таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонид.

Кумакҳои пулию моддӣ ба 5 ҳазор нафар, аз ҷумла ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин кормандони муассисаҳои роҳсозии шаҳри Душанбе расонида мешавад.

Ҳамчунин бар асоси қарори мазкур раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашн ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.

Дар хабари шаҳрдорӣ доир ба маблағи мушаххаси кумакҳои пулию моддӣ, инчунин маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳр бо ин мақсад маълумот дода намешавад.

Таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 9 сентябр баргузор мешавад.

Як рӯз пеш аз таҷлили ҷашн, 8 сентябр дар Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Маълумоти муфассал дар бораи чӣ гуна дар Душанбе ҷашн гирифтани ид бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.