Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолият дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?

Ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, дар Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи фарҳанги шаҳрдории пойтахт. Маросими тантанавии ифтитоҳ 8 сентябр доир гардида, сипас бо иштироки гуруҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, дар Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи фарҳанги шаҳрдории пойтахт.

Маросими тантанавии ифтитоҳ 8 сентябр доир гардида, сипас бо иштироки гуруҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи фарҳангӣ намоиш дода мешавад.

Зимнан зикр шуд, ки рӯзи ҷашни истиқлолияти кишвар рӯзҳои 8 ва 9 сентябр аз субҳ дар ҳамаи боғҳо консерту дигар чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Ҳамчунин рӯзи 9 сентябр соати 18:00 дар маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” барои сокинон ва меҳмонони шаҳр консерти идона доир мегардад. Даромадан ба тамошои консерт бепул аст.

Дар консерт артистони Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи президент, дастаҳои рақсии «Гулрез», «Парасту», «Ҷаҳоноро», «Зебо, «Чаман», «Базморо», сарояндагон Фурқат Саидзода, Фархор Хайридин Шариф, сарояндагони ансамбли «Фалак» Фотима Машрабова,  Дилшоди Файзуло, Рӯзибой Идизода, Сорбон Тағоев, Алишер Қаноатзода ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳамчунин ҳунарманди ансамбли давлатии “Шашмақом” Музаффар Бойматов, солисти ансамбли «Дарё» Ҳақназар Аловатов, артисти Иттифоқи давлатии дастаҳои эҷодӣ ва консертӣ Ҳакими Шойдон, овозхони ансамбли эстрадии “Гулшан” Соро Аҳмадӣ, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадрофеъи Кароматулло ва дигар ҳунармандон низ хотири тамошобинонро болида хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” дар қафои Донишгоҳи омӯзгорӣ, меҳмонхонаи “Авеста” ва маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷойгир аст. Маълумоти муфассал доир ба ин маҷмаа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.