Душанбе аз баландии 91 метр. Рафти сохтмони маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ”

Дар иншооти асосӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» корҳои сохтмон бомаром ҷараён доранд. Иншооти мазкур дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29 гектар, дар қаламрави қафои Донишгоҳи омӯзгорӣ, меҳмонхонаи “Авеста” ва маҷмааи “Кохи Ваҳдат” бунёд карда мешавад. Сарфи назар аз […]

Дар иншооти асосӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» корҳои сохтмон бомаром ҷараён доранд.

Иншооти мазкур дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29 гектар, дар қаламрави қафои Донишгоҳи омӯзгорӣ, меҳмонхонаи “Авеста” ва маҷмааи “Кохи Ваҳдат” бунёд карда мешавад.

Сарфи назар аз душворҳои дар робита ба пандемияи коронавирус пайдошуда, корҳо дар ин иншоот мувофиқи нақша ҷараён доранд.

“Сохтмони маҷмаа бар асоси лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати шаҳри Душанбе таҳия шудааст, амалӣ мегардад, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Хайриддин Нурвалиев, муҳандиси пешбари шуъбаи истеҳсолии Раёсати сохтмони Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дошта, иншоот бо масолеҳи сохтмон таъмин аст.

“Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» соли 2021 ба истифода дода мешавад”, – илова кард ӯ.

Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ» аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад. Дар боғ ниҳолҳои гуногуни дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.

Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метр ва пояи он 85 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар 6 ошёнаи дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.

Дар баландии 91 метри маҷмаа майдони тамошо сохта мешавад, ки сокинону меҳмонони Душанбе дар ин баландӣ аз тамошои манзараҳои дилфиреби пойтахт баҳравар шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.