ВКХ Тоҷикистон: Қирғизистон вонамуд мекунад, ки нерӯ ва техникаи ҷангиро аз хати сарҳад дур мекашад

Asia-Plus

ВКХ Тоҷикистон бо пахши изҳорот доир ба идомаи амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистон дар манотиқи сарҳадӣ иттилоъ медиҳад ва мегӯяд, ин кишвар дар маҳаллаҳои марзии навоҳии Лайлак ва Чон-Олойи вилояти Бодканд таҷҳизоти сангини низомиро пинҳон мекунад.

Дар изҳороти ВКХ гуфта мешавад, ки новобаста ба имзои протокол дар бораи ба эътидол овардани ҳолат дар сарҳад, Тоҷикистон чандин амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистонро сабт намуд, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар марз мегардад.

“Ҷониби Қирғизистон вонамуд мекунад, ки гӯё нерӯҳо ва техникаи вазнини ҳарбии худро аз хати сарҳад дур мекашад, дар асл онҳоро дар маҳалҳои аҳолинишини наздисарҳадии ноҳияи Лайлак ва Чон-Олойи вилояти Боткени Қирғизистон пинҳон менамояд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

ВКХ таъкид менамояд, ки 18-уми сентябр 4 адад техникаи ҳарбии вазнин (БТР, БМП, БРДМ и ЗУ 22мм)-и пинҳонкардаи нерӯҳои ҳарбии Қирғизистон дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии “Сарҳадчӣ” дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Ҳамчунин, 19-уми сентябр дар наздикии маҳалли аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон 12 адад техникаи пинҳонкардаи нерӯҳои ҳарбии Қирғизистон мушоҳида шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, рӯзи 19 сентябр каме дуртар аз дидбонгоҳи сарҳадии №3 “Нуробод” дар ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ҳузури неруҳои ҳарбии таъиноти махсуси Қирғизистон бо теъдоди 70 нафар шахсони мусаллаҳ муайян карда шуд.

“Ҷониби Тоҷикистон ба сабти ҳолатҳои сершумори убури фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин (БПЛА) аз қаламрави Қирғизистон идома медиҳад. Ба ин тариқ, рӯзҳои 19 ва 20 сентябр парвози чунин дастгоҳҳои Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дидбонгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон – Сарҳадчӣ” ва Ширинчашма” дар ноҳияи Лахш”, “Росровут” ва “Муряк” дар ноҳияи Деваштич, инчунин дар фазои болои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида расид”, – омадааст дар изҳороти ВКХ.

Тоҷикистон бори дигар Қирғизистонро даъват кардааст, ки протоколҳои имзошударо дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзӣ бечуну чаро иҷро кунад, дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ хоҳад кард, ки масъулият барои оқибатҳои ин гуна амалҳои иғвогарона ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.

Дар ду рӯзи охир, ин сеюмин изҳороти расмии Тоҷикистон дар робита ба риоя накардани созиши оташбас аз ҷониби Қирғизистон ва баромади шахсиятҳои алоҳидаи ин кишвар дар робита ба вазъи марз аст.

Қирғизистон то ба ҳол ба ин изҳоротҳо посухи расмӣ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 14 то 18-уми сентбяр идома кард, 41 сокини Тоҷикистон куштаву даҳҳо хона вайрон шуданд.

Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрвандаш хабар медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...