Посухи тунди ВКХ Тоҷикистон ба котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон ва дабири Созмони кишварҳои туркӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ду посухи расмӣ, изҳороти Бағдод Амриев, дабири кулли Созмони кишварҳои туркиро маҳкум ва гуфтаҳои Марат Имонқулов, котиби Шӯрои амнияти Қирғизистонро дар робита ба ҳаводиси охири марз “сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар” номид. Дар изҳороти якуми ин ниҳод, ки ба гуфтаҳои […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ду посухи расмӣ, изҳороти Бағдод Амриев, дабири кулли Созмони кишварҳои туркиро маҳкум ва гуфтаҳои Марат Имонқулов, котиби Шӯрои амнияти Қирғизистонро дар робита ба ҳаводиси охири марз “сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар” номид.

Дар изҳороти якуми ин ниҳод, ки ба гуфтаҳои дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ нигаронида шудааст, зикр мегардад, ки “изҳороти Б.Амриев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад”.

ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, чунин изҳороти роҳбари ин созмон ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон, барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, монеа пеш меорад.

Дар изҳороти дуввуми ин ниҳод, ки посух ба мусоҳибаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов аст, зикр мешавад, “чунин изҳорот дар асоси сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронида шудааст”.

“Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халкҳои мо душвор гардонад”, – омадааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.

Ин ниҳод, бори дигар мавқеъи Тоҷикистонро дар мавриди қобили қабул набудани тезутундшавии вазъ дар фазои расонаӣ тасдиқ карда, аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои амнияти давлатии ду кишвар ба имзо расидани протоколи рӯзи 19-уми сентябр дар бораи танзими вазъ дар марзро истиқбол кардааст.

“Ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки риояи катъии он имкон медиҳад, то раванди музокирот аз рӯйи тамоми маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба таҷдид карда шавад”, – омадааст дар изҳороти дуввуми ВКХ.

Ёдовар мешавем, ки пас аз оғози низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақомдорони қирғиз бе асосу далел ба сиёҳкунии Тоҷикистон ва роҳбарияти он пардохта, бо изҳоротҳои ҳангоматалабонаи худ талош карда истодаанд, ки таҳоҷуми кишвари хеш ба Тоҷикистонро ҳамчун дифоъ аз марз муаррифӣ намоянд.

Дар ин зимн, ВКХ Тоҷикистон бо ташкили брифинг ба тамоми намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Душанбе ва созмонҳои байналмилаливу рӯзноманигорон омили аслии хуруҷи дигарбораи низоъро шарҳ дод ва зикр кард, ки ҷониби Тоҷикистон новобаста ба амалҳои ғайриқонунӣ ва ҳамлаи аҳдшиканонаи Қирғизистон ҳанӯз ба ҳалли мушкил тавассути музокира ва дипломатия пойбанд аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.