Тарҳи ҳамла ба Осиёи Марказӣ. Мулоқоти пинҳонии роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ки Толибон 16 узви раҳбари гурӯҳҳои террористиву экстримистиро дар вилоятҳои шимолу шарқи ин кишвар мустақар кардаанд. Ҷабҳаи муқовимат рӯзи якшанбе, 25-уми сентябр, бо нашри як хабарнома гуфт: “Ҳоҷӣ Фирқон, раҳбари ҷунбиши исломии "Туркистони шарқӣ*", Мавлавӣ Иброҳим, масъули "Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон*", Шайх Зокир, масъули "Таҳрики исломии Ӯзбекистон*” ва Абдулҳақ Уйғурӣ, масъули […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ки Толибон 16 узви раҳбари гурӯҳҳои террористиву экстримистиро дар вилоятҳои шимолу шарқи ин кишвар мустақар кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимат рӯзи якшанбе, 25-уми сентябр, бо нашри як хабарнома гуфт: “Ҳоҷӣ Фирқон, раҳбари ҷунбиши исломии "Туркистони шарқӣ*", Мавлавӣ Иброҳим, масъули "Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон*", Шайх Зокир, масъули "Таҳрики исломии Ӯзбекистон*” ва Абдулҳақ Уйғурӣ, масъули шохаи "Ал-қоида*" дар шимоли Афғонистон, 20-уми августи соли 2022 ба Кобул омаданд ва дар кӯчаи ба номи вазир Акбар Хон, дар ҳавилии Ҳоҷӣ Афзал, ки узви шабакаи "Ҳаққонӣ*" аст, се рӯзро сипарӣ карданд”.

Ба гуфта Ҷабҳаи муқовамат, ин раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати корҳои дохилаи Афғонистон, дидор ва тавофуқ кардаанд, ки то шаш моҳи оянда 50 дарсад аз тамоми ҷангҷуёни хориҷӣ ба Осиёи Миёна оварда шаванд.

Ҷабҳа гуфтааст, бар бунёди тасмимҳо ва хулосаҳое, ки дар хонаи Ҳаққонӣ анҷом шуд, қарор аст шумори зиёди ҷангҷуён аз кишварҳои арабӣ ва кишварҳои минтақа вориди хоки Афғонистон шаванд.

Гуфта мешавад, Мавлавӣ Иброҳими тоҷик аз сӯи шабакаи "Ҳаққонӣ" масъули умумии шабакае аз ҷангҷуёни хориҷӣ таъйин шудааст, ки бо "ДОИШ*" иртиботи зиёд дорад.

"Аз сӯе ҳам Мавлавӣ Иброҳим, раҳбари ҷамоати "Ансоруллоҳи Тоҷикистон" ва масъули шохаи "ДОИШ" дар шимоли Афғонистон дар охири моҳи август дар шаҳристони Имом Соҳиб дида шудааст", – афзудааст Ҷабҳаи муқовимат.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Тоҷикистон аз ҳузур ва таҷаммӯъи густурдаи террористон дар Афғонистон дар Маҷмаи Умумии СММ иброз нигаронӣ кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Афғонистон босуръат дар ҳоли табдилёбӣ ба як паноҳгоҳи амн барои гурӯҳҳои террористӣ ва ҷастгоҳ барои густариши ифротиёни  тундгарои Толибон қарор дорад.

"Мо корҳои муназзамро оид ба интиқоли гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили размандагон аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон мушоҳида дорем, ки иттиҳод ва бунёди мабдаи нави таниш дар наздикии сарҳадҳои моро ҳадаф қарор додааст," – нигаронӣ кард вазири Тоҷикистон.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.