Беш аз 300 паноҳҷӯи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Канада интиқол ёфтаанд

Date:

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ бо се парвози вижа аз Тоҷикистон ба Канада интиқол дода шуданд, ки теъдоди онҳо бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора, Абдумусаввир Баҳодурӣ, сардори Намояндагии муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ин теъдод паноҳҷӯёни афғонистонӣ санаи 14 ва 20-уми сентябр ва 12-уми октябр аз фурудгоҳи Душанбе парвоз карданд ва дар назар аст, ки то моҳи декабри соли равон боз теъдоде аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба Канада интиқол дода шаванд.

Дар ҳамин ҳол, бахши дарии сомонаи «Pars Today» бо истинод ба  вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни интиқолёфтаро 326 нафар гуфтааст.

Вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки то ҳол дар Канада қарор доранд ба 21 ҳазору 700 нафарро расидаанд.

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Афғонистон, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон маҷбур ба тарки кишварашон шудаанд. Дар ин ҳол, Душанбе нахуст эълом дошт, ки то 100 000 паноҳандаи афғонистониро қабул мекунад.

Бо ин ҳол, Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки паноҳҷӯёни  афғонистониро пазируфтааст.

Ба гуфтаи Агентии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) то тобистони соли ҷорӣ бештар аз 8500 паноҳҷӯи афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Аз ин теъдод 5700 нафар пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон дар моҳи августи соли гузашта омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...