Сафорати ИМА дар Душанбе ба шаҳрвандони Русия ва Афғонистону Эрон визаи Амрико медиҳад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо пахши як эъломия гуфтааст, шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон метавонанд дар Душанбе виза ё раводиди ғайримуҳоҷиратӣ гиранд.

Ин ниҳоди дипломатӣ, имрӯз, 1-уми ноябр, афзуд, сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, аз якуми ноябр шаҳрвандони Русияву Афғонистон ва Эрон ҳақ доранд, барои дастрас кардани визаи ғайримуҳоҷиратӣ (на визаи корӣ) дар рӯзҳои мушаххас муроҷиат кунанд.

Ин ба он маъност, ки онҳо барои саёҳат, дидорбинӣ ва ё табобат дар Амрико ҳақ доранд аз Душанбе виза пурсанд.

“Сафорат шумораи ҷойҳоро барои гузаштани мусоҳибаи раводидӣ зиёд мекунад ва акнун афроди ғайримуқими Тоҷикистон метавонанд барои мусоҳиба худро номнавис кунанд. Аз рӯзи сешанбе, санаи 1-уми ноябр, соати 8:30, Сафорат ҷойҳои мусоҳибавиро барои моҳҳои декабр, январ ва феврал хоҳад кушод”, – омадааст дар изҳороти Сафорати ИМА.

Масъулини ин ниҳоди дипломатӣ гуфтаанд, афроди ғайримуқими Тоҷикистон танҳо санаҳои 16, 30-юми декабр, 13, 20-уми январ, 10, 17-уми феврал барои мусоҳиба номнавис кунанд. Ба таъкиди онҳо, мусоҳибаҳое, ки берун аз санаҳои муайяншуда интихоб мешаванд, лағв хоҳанд шуд.

“Сокинони Тоҷикистон набояд дар санаҳое, ки барои афроди ғайримуқими Тоҷикистон муайян шудаанд, номнависӣ кунанд. Мусоҳибаҳое, ки дар он рӯзҳо интихоб шуданд, лағв хоҳанд шуд”, – омадааст дар изҳороти ин ниҳоди дипломатӣ.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ, аз 4-уми октябри соли 2022 Сафорати ИМА дар  Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз карда буд. То октябри соли ҷорӣ раводидҳои муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дар Консулгарии генералии ИМА дар Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...