Таъкид ба оғози музокироти байниафғонӣ. Толибон ҳамоно беэътиноянд

Толибон дар 15 моҳи гузашта хости ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба эҷоди давлати фарогир дар Афғонистонро напазируфта ва режими худро ҳамашумул хондаанд. Дар ин муддат ҳеҷ кишваре ҳозир нашуд режими Толибонро* ба расмият бишносад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷоди давлати фарогир ва риояи ҳуқуқи башарро аз пешшартҳои ба расмият шинохтани ин гурӯҳ хондааст. Хосте, ки Толибон то […]

Амин Кова, рӯзномаи “8-и субҳ”

Толибон дар 15 моҳи гузашта хости ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба эҷоди давлати фарогир дар Афғонистонро напазируфта ва режими худро ҳамашумул хондаанд. Дар ин муддат ҳеҷ кишваре ҳозир нашуд режими Толибонро* ба расмият бишносад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷоди давлати фарогир ва риояи ҳуқуқи башарро аз пешшартҳои ба расмият шинохтани ин гурӯҳ хондааст. Хосте, ки Толибон то кунун ба он таваҷҷуҳ накардаанд.

Ин гурӯҳ сиёсатмадорони ғайритолибро аз фаъолитҳои сиёсӣ дар дохили кишвар манъ карда ва комиссияеро барои даъват аз шахсиятҳои сиёсие, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, эҷод кардааст. Бо вуҷуди саъйи аъзои ин комиссия, то кунун ҳеҷ як аз чеҳраҳои ҷиддии сиёсӣ ҳозир нашудаанд ба Афғонистон баргардад.

Аз сӯи дигар, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба мухолифати мусаллаҳона алайҳи Толибон рӯй оварда, ки дар натиҷаи он даҳҳо кушта ва захмӣ аз ҳар ду тараф барҷо мондаанд. Шуморе аз раҳбарон ва чеҳраҳои сиёсӣ дар ҷабҳагирӣ алайҳи Толибон ниҳоди сиёсӣ зери унвони «Шӯрои оли муқовимат барои наҷоти Афғонистон»-ро ташкил додаанд. Бо ин ҳол, Амрико ва соири кишварҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам аз Толибон мехоҳанд, ки бар асоси мувофиқатномаи Давҳа гуфтугӯҳои байнулафғонӣ бо ҷиноҳҳои мухолиф ва ғайритолибро оғоз кунанд ва дар Афғонистон ҳукумати фарогир шакл диҳанд.

Дар тозатарин маврид Том Вест, намоянда вижаи Амрико дар умури Афғонистон, рӯзи панҷшнбе, 27-уми октябр, аз сӯҳбати телефониаш бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси шӯрои олии мусолиҳаи ҳукумати пешин, хабар додааст. Вест дар силсила твитҳояш тазаккур дода, ки бо Карзай ва Абдуллоҳ рӯйи зарурати «гуфтугӯҳои миллӣ ва воқеии байнулафғонӣ» дар мавриди ояндаи Афғонистон таъкид кардааст. Оқои Вест афзудааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои расидагӣ ба ниёзҳои асосӣ остин боло задааст ва ҳоло навбати Толибон аст, ки саҳмашонро адо кунанд.

Намояндаи вижаи Амрико дар барои сулҳи Афғонистон хотирнишон сохтааст: “Толибон ба шеваҳое ҳукумат кунанд, ки заминаи сармоягузорӣ ва бозгашти мутахассисони таҳсилкардаро фароҳам орад. Мудохила дар умури созмонҳои кумакрасонро мутаваққиф ва заминаи сармоягузории хориҷиро мусоид кунанд. Феълан роҳи тӯлонӣ дар пеш аст”.

Томас Вест пеш аз ин низ дидорҳои мухталифе бо чанде аз фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорони Афғонистон дар Туркия дошта ва рӯйи оғози «гуфтугӯҳои миллӣ дар Афғонистон» таъкид кардааст.

Бо вуҷуди хостҳои такрории сиёсиёни Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, Толибон режими худро фарогир медонанд ва таъкид доранд, ки барои раҳбарони сиёсӣ ва чеҳраҳои сиёсии пешин дар низомашон ҷое нахоҳад буд. Онҳо ба сароҳат эълом кардаанд, ки сиёсатмадорони ғайритолиб метавонанд бо риояти шароити вазъшуда аз сӯи ин гурӯҳ, ба Афғонистон баргарданд ва зиндагӣ кунанд, аммо ҳаққи дахолат дар умури сиёсиро нахоҳанд дошт. Амре, ки барои раҳбарон ва чеҳраҳои сиёсии ин кишвар пазируфтанӣ нест.

Аз сӯи дигар, гурӯҳи Толибон дар як соли гузашта пайваста Амрикоро ба нақзи тавофуқномаи Давҳа муттаҳам кардаанд. Огоҳони масоили сиёсӣ изҳороти Толибон ва Амрикоро бозиҳои расонаӣ унвон мекунанд.

Бо ин ҳол, дар канори мухолифати чеҳраҳои сиёсӣ, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ низ ба унвони ҷиноҳи мухолиф ва мусаллаҳ алайҳи Толибон дар 15 моҳи гузашта дар вилоятҳои Панҷшер, Бағлон, Тахор, Бадахшон, Кописо ва шуморе аз вилоятҳои дигар набардҳои сангинро ба роҳ мондааст. Дар ин набардҳо ҳар ду тараф талафоти сангин додаанд. Дар чандин маврид Толибон асирони ҷангии ин Ҷабҳаро дар вилоятҳои Панҷшер ва Бадахшон ба шакли гурӯҳӣ бо дастони баста тирборон кардаанд. Илова бар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Ҷабҳаи миллии озодагон ва ҷабҳаҳои дигар низ алайҳи Толибон ба муқовимати мусаллаҳона пардохта ва ҳамлаҳои густардаро алайҳи мавозеъи Толибон оғоз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ”, дар мавриди гуфтугӯҳои намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон мегӯяд, ин Ҷабҳаи замоне ба даври мизи гуфтугӯ хоҳад нишаст, ки дар он ба ҳуқуқи зану марди Афғонистон эҳтиром ва ба орои шаҳрвандон руҷуъ шавад. Ҷаноби Аҳмадӣ тасреҳ мекунад, дар сурате, ки Толибон «эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқи башар, баргузории интихобот/ҳамапурсӣ ва таъмини озодиҳои маданӣ ва ҳуқуқи асосии шаҳрвандон»-ро пазиранд, ин Ҷабҳа метавонад бо ин гурӯҳ даври мизи гуфтугӯ нишинад.

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъкид мекунад: «Низоми мӯътадили исломии ғайримутамарказ» аз хостаҳои муҳим ва калидии Ҷабҳа аст. Ба гуфтаи ӯ, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ барои истиқрори чунин низом, ҳозир аст бо тарафҳои сиёсии мухталиф дар Афғонистон гуфтугӯ кунад.

Бо вуҷуди мухолифатҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона алайҳи Толибон, ин гурӯҳ иддао дорад, ки ҳукуматаш ҳамашумул аст ва бар ҳамаи нуқоти Афғонистон тасаллут дорад. Кишварҳои ғарбӣ ва осиёӣ рӯӣ эҷодӣ ҳукумате таъкид доранд, ки бо таърифи Толибон аз вожаи «ҳамашумул» мутафовит аст. Кишварҳои ғарбӣ барои пазируфтанӣ режими Толибон ба унвони як давлати расмӣ, пешшартҳое доранд. Эҷоди ҳукумате, ки дар он намояндагони ҳамаи ақвом, мазоҳиб ва ақаллиятҳо бо дидгоҳҳои сиёсии мухталиф ҳузур дошта бошанд, риояи ҳуқуқи башар аз сӯи раҳбарон ва неруҳои ҳукумат, фароҳамоварии заминаи омӯзиш барои духтарон ва писарон ва озодии занон аз умдатарин пешшартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пазируфтани режими Толибон ба унвони як давлати расмӣ аст.

Афзун бар ин, аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки шомили кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст, низ хостори давлати фарогир ва демократӣ дар Афғонистон шудаанд. Аъзои ин созмон ҳудуди якуним моҳ пеш дар 15 сентябр, нишасти дурӯзаро дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор карданд. Дар эъломияи поёнии ин нишаст, ҳама аъзои ин созмон эҷоди ҳукумати миллӣ ва фарогир дар Афғонистонро амре муҳим барои минтақа унвон карданд. Дар бахше аз ин эъломия омадааст: “Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз Афғонистони мустақил, бетараф, муттаҳид, демократӣ, сулҳомез ва орӣ аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир ҳимоят мекунад”.

Толибон дар ҷараёни як соли гузашта тамоми ниҳодҳо ва созукорҳои интихобиро лағв ва бар эҷоди низоми исломӣ таъкид варзидаанд. Онон бо эҷоди низоми исломии мавриди назарашон, занонро ба гунаи комил аз ҳуқуқи асосишон маҳрум кардаанд. Ниҳодҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар дар ҷараёни ин яксолу анд пайваста аз нақзи густурдаи ҳуқуқи башарии Толибон интиқод кардаанд.

Дар тозатарин маврид Ричард Бенет, гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта гуфтааст, ки илова бар масдуд будани мактабҳои мутавассита ва литсейи духтарон, занони Афғонистон ба гунаи густурда аз дастрасӣ ба кор ва зиндагии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хеш маҳрум шудаанд.

Пеш аз ин Рино Амирӣ, намояндаи вазорати хориҷаи Амрико дар умури занон ва ҳуқуқи башар барои Афғонистон, низ аз вазъи маҳдудият аз сӯи Толибон бар ҳаққи омӯзиш ва кори занон интиқод карда ва гуфта буд, ки Толибон наметавонанд фурсатҳои омӯзишӣ ва шуғлии нисфи мардуми ин кишварро инкор кунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.