Дар Ёвон корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ боз шуд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон рӯзи 2 ноябр президенти Тоҷикистон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” ҳусни оғоз бахшид. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд. Ашёи хом […]

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон рӯзи 2 ноябр президенти Тоҷикистон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” ҳусни оғоз бахшид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд.

Ашёи хом – хокаи фосфордор аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, кислотаи сулфат бошад, дар худи “ТАЛКО  Кемикал” истеҳсол мегардад. Дар оянда ашёи хом аз кони маҳалии Ривати шаҳри Панҷакент ба корхона дастрас мегардад.

Ба таъкиди мутахассисон ҳоло нурии минералӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид шуда, нархи гарон дорад. Маҳз баланд будани арзиши ин навъи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ, то ҷое боиси коҳиш ёфтани талабот ба он гардидааст.

Акнун дар корхонаи нави саноатӣ нурии минералӣ бо сифати баланд истеҳсол ва бо нархи 2 ҳазор сомонӣ барои як тонна, ки назар ба нархи бозор 2,5 маротиба арзон аст, ба мизоҷон пешниҳод мегардад.

Бо истеҳсоли нурии минералии маҳаллӣ воридоти ин навъи маҳсулот ба кишвар бамаротиб кам хоҳад шуд.

Ҷамъияти мазкур нақша дорад, ки дар ояндаи марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли  нуриҳои азотию фосфордорро бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол сохта ба истифода диҳад ва дар он беш аз 100  нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин мегардад.

Ёдрас мешавад, ки ҶДММ “ТАЛКО  Кемикал” соли 2016 дар масоҳати 17 гектар бунёд гардида, бо ба роҳ мондани  истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, аз ҷумла кислотаи сулфат дар Осиёи Марказӣ назир надорад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.