Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан баста мешавад

Аз 5 то 12 ноябр равуои шаҳрвандон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи постгоҳи назоратии “Ҷартеппа” дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Ургут маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Kun.uz. Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон байни шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқанд ҷойгир шудааст. Бино ба маълумоти Раёсати гумруки вилояти Самарқанд, бо мақсади фароҳам овардани шароити […]

Аз 5 то 12 ноябр равуои шаҳрвандон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи постгоҳи назоратии “Ҷартеппа” дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Ургут маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Kun.uz.

Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон байни шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқанд ҷойгир шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати гумруки вилояти Самарқанд, бо мақсади фароҳам овардани шароити бештар мусоиду бароҳат барои мусофирон биноҳои воқеъ дар постгоҳи “Ҷартеппа” аз таъмири асосӣ бароварда шуда, гирду атроф ва қаламрави гузаргоҳ ободу кабудизор гардонида мешавад.

Маҳдудият ба категорияи зерини шаҳрвандон дахл надорад:

– кормандони хадамоти дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ;

– аъзои ҳайатҳои расмӣ (давлатӣ);

– кормандони созмонҳои хориҷӣ, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолият мекунанд;

– ронандагони машғул ба боркашонии байнулмилалӣ;

– шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки доимо дар Тоҷикистон иқомат доранд;

– шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба кишвари худ бармегарданд;

– шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки ба Тоҷикистон раҳсипоранд.

Қобили зикр аст, ки қаблан аз 5 то 16 сентябри соли 2022 постгоҳи гумрукии сарҳадии “Ҷартеппа” дар робита ба баргузории корҳои таъмири асосии биноҳо ва ободонии қаламрави гузаргоҳ муваққатан баста шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.