Ӯзбекистон гузаргоҳи сарҳадии “Ҷартеппа”-ро байни Самарқанд ва Панҷакент 11 рӯз мебандад

Ба равуои шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тариқи постгоҳи марзии “Ҷартеппа”-и Ӯзбекистон воқеъ дар сарҳад бо Тоҷикистон маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора нашрияи инернетии daryo.uz бо истинод ба Раёсати минтақавии гумрук хабар медиҳад. Сабаби муваққатан баста шудани гузаргоҳ таъмири асосӣ ва ободонии он бо мақсади “фароҳам овардани шароити мусоиду бароҳат барои мусофирон” маънидод мешавад. […]

Ба равуои шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тариқи постгоҳи марзии “Ҷартеппа”-и Ӯзбекистон воқеъ дар сарҳад бо Тоҷикистон маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора нашрияи инернетии daryo.uz бо истинод ба Раёсати минтақавии гумрук хабар медиҳад.

Сабаби муваққатан баста шудани гузаргоҳ таъмири асосӣ ва ободонии он бо мақсади “фароҳам овардани шароити мусоиду бароҳат барои мусофирон” маънидод мешавад.

Ба иттилои нашрия, маҳдудият ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам воситаҳои нақлиёт дахл дорад.

“Истисно инҳоянд:

– кормандони хадамоти дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ;

– аъзои ҳайатаҳои расмӣ (давлатӣ);

– кормандони созмонҳои хориҷӣ, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолият мекунанд;

– ронандагони машғул ба боркашонии байнулмилалӣ;

– шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба кишвари худ бармегарданд;

– шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки ба Тоҷикистон раҳсипоранд”, – зикр мешавад дар хабари нашрия.

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз ВАО муваққатан баста шудани гузаргоҳро ба нишасти қарибулвуқӯи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Самарқанд рабт медиҳанд. Қаблан Ӯзбекистон фурудгоҳро ба муддати 3 рӯз баста, оғози соли хонишро дар мактабҳои миёнаву олӣ ба 19 сентябр гузаронид.

Дар Раёсати умури дохилии вилояти Самарқанд маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе ВАО-ро дар мавриди баста шудани роҳҳо замони баргузории нишаст рад намуда, изҳор доштанд, ки “зимни зарурати маҳдуд кардани ҳаракат дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд, маълумот дар ин хусус дар саҳифаҳои расмии Раёсат нашр хоҳад шуд”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.