Сафорати ИМА дар Душанбе ба шаҳрвандони Русия ва Афғонистону Эрон визаи Амрико медиҳад

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо пахши як эъломия гуфтааст, шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон метавонанд дар Душанбе виза ё раводиди ғайримуҳоҷиратӣ гиранд. Ин ниҳоди дипломатӣ, имрӯз, 1-уми ноябр, афзуд, сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, аз якуми ноябр шаҳрвандони Русияву Афғонистон ва Эрон ҳақ доранд, барои дастрас кардани визаи ғайримуҳоҷиратӣ (на визаи корӣ) дар рӯзҳои […]

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо пахши як эъломия гуфтааст, шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон метавонанд дар Душанбе виза ё раводиди ғайримуҳоҷиратӣ гиранд.

Ин ниҳоди дипломатӣ, имрӯз, 1-уми ноябр, афзуд, сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, аз якуми ноябр шаҳрвандони Русияву Афғонистон ва Эрон ҳақ доранд, барои дастрас кардани визаи ғайримуҳоҷиратӣ (на визаи корӣ) дар рӯзҳои мушаххас муроҷиат кунанд.

Ин ба он маъност, ки онҳо барои саёҳат, дидорбинӣ ва ё табобат дар Амрико ҳақ доранд аз Душанбе виза пурсанд.

“Сафорат шумораи ҷойҳоро барои гузаштани мусоҳибаи раводидӣ зиёд мекунад ва акнун афроди ғайримуқими Тоҷикистон метавонанд барои мусоҳиба худро номнавис кунанд. Аз рӯзи сешанбе, санаи 1-уми ноябр, соати 8:30, Сафорат ҷойҳои мусоҳибавиро барои моҳҳои декабр, январ ва феврал хоҳад кушод”, – омадааст дар изҳороти Сафорати ИМА.

Масъулини ин ниҳоди дипломатӣ гуфтаанд, афроди ғайримуқими Тоҷикистон танҳо санаҳои 16, 30-юми декабр, 13, 20-уми январ, 10, 17-уми феврал барои мусоҳиба номнавис кунанд. Ба таъкиди онҳо, мусоҳибаҳое, ки берун аз санаҳои муайяншуда интихоб мешаванд, лағв хоҳанд шуд.

“Сокинони Тоҷикистон набояд дар санаҳое, ки барои афроди ғайримуқими Тоҷикистон муайян шудаанд, номнависӣ кунанд. Мусоҳибаҳое, ки дар он рӯзҳо интихоб шуданд, лағв хоҳанд шуд”, – омадааст дар изҳороти ин ниҳоди дипломатӣ.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ, аз 4-уми октябри соли 2022 Сафорати ИМА дар  Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз карда буд. То октябри соли ҷорӣ раводидҳои муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дар Консулгарии генералии ИМА дар Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.