Ширкати мисрии Elsewedy Electric дар Тоҷикистон неругоҳи барқи обӣ месозад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати электротехникии Миср – Elsewedy Electric ният дорад, ки дар Тоҷикистон як неругоҳи барқи обӣ (НБО), инчунин корхонаи нави трансформаторҳо, истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа созад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ин масъалаҳо дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати мисрии Elsewedy Electric Аҳмад Ал-Сувейдӣ баррасӣ шуданд. Вохӯрӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Шарм-уш-Шайх дар ҳошияи Иҷлоси 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) баргузор шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мувофиқаҳои пешакӣ ҳосил шудааст.

Инчунин роҳандозии “ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз” ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, сохтмони корхонаи истеҳсоли трансформатор дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар пешбинӣ гардида, лекин ҷойи сохтмон ва иқтидори неругоҳи барқии обӣ, ки аз ҷониби ширкати Миср сохта мешавад, зикр нашудааст.

Қобили зикр аст, ки тобистони соли равон Ӯзбекистон ба корҳои пешакии сохтмони НБО “Ёвон” дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 140 мегаватт оғоз бахшид.

Нархи ҳисобшудаи ин неругоҳ 282 млн доллар арзёбӣ шуда, дар назар аст, ки ҳамасола дар он 700-800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешавад.

Ҳамчунин раҳбарияти ҳар ду кишвар дар бораи сохтмони НБО-и дуюм дар дарёи Зарафшон бо иқтидори пешакии 180 МВт ба мувофиқа расиданд.

Қаблан бо иштироки Русия ва Эрон дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” (иқтидораш 670 МВт) ва “Сангтӯда-2” (иқтидораш 220 МВт) сохта шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...