Оғози нишасти Созмони давлатҳои туркӣ дар Самарқанд

Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти 9-уми Созмони кишварҳои туркӣ ба кор оғоз кард. Дар ин чорабинӣ бо иштироки сарони 7 кишвар масоили ҳамкориҳо байни кишварҳои туркзабон баррасӣ мешавад. Ба ҳайати Созмон Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон шомиланд. Дар назар аст, ки Туркманистон имсол ба узвияти комилҳуқуқи Созмон пазируфта шавад. Дар кори нишаст сарони […]

Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти 9-уми Созмони кишварҳои туркӣ ба кор оғоз кард. Дар ин чорабинӣ бо иштироки сарони 7 кишвар масоили ҳамкориҳо байни кишварҳои туркзабон баррасӣ мешавад.

Ба ҳайати Созмон Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон шомиланд. Дар назар аст, ки Туркманистон имсол ба узвияти комилҳуқуқи Созмон пазируфта шавад.

Дар кори нишаст сарони ин кишварҳо, инчунин намояндагони кишварҳои нозири Созмон, аз ҷумла собиқ президент Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ва сарвазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан иштирок доранд.

Нишасти имрӯза вохӯрии 9-уми сарони кишварҳои туркзабон мебошад. Созмони мазкур соли 2009 нахуст бо номи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон (Шӯрои туркзабон) таъсис дода шуда, соли гузашта ба Созмони кишварҳои туркӣ табдили ном кард.

Чорабинии имрӯза зери унвони “Марҳилаи нави тамаддуни туркӣ: дар роҳи рушди умумӣ ва шукуфоӣ” (Новая эра тюркской цивилизации: на пути к общему развитию и процветанию) баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа тасдиқи стратегияи мусоидат ба савдо ва қабули қарор дар бораи таъсиси фонди сармоягузорӣ бо сармояи аввали то 500 млн доллар дар назар аст, ки миёни кишварҳои узви Созмон ва Бонки рушди Созмон баробар тақсим карда мешавад.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов, бастаи санадҳо, ки дар рафти нишаст ба имзо мерасанд, самти рушди созмонро то соли 2026 муайян мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.