Баррасии масоили бунёди ҷомеъа мутобиқшаванда ва устувор дар шаҳру деҳаҳои баланкӯҳи Тоҷикистон

Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии обуҳавошиносӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист (КҲФ), Ҳукумати Тоҷикистон мушовараеро, ба унвони «Усули бунёди ҷомеъаҳои мутобиқшаванда ва устувор дар  шаҳру деҳаҳои баланкӯҳи кӯҳсори Тоҷикистон»  дар шаҳри Шарм Ал-Шайхи Миср баргузор намуд. Дар нишасти мазкур масъалаҳои марбут ба усулҳои татбиқкунонии устуворӣ дар муҳити зист нисбат […]

Варақаи иттилоотӣ

Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии обуҳавошиносӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист (КҲФ), Ҳукумати Тоҷикистон мушовараеро, ба унвони «Усули бунёди ҷомеъаҳои мутобиқшаванда ва устувор дар  шаҳру деҳаҳои баланкӯҳи кӯҳсори Тоҷикистон»  дар шаҳри Шарм Ал-Шайхи Миср баргузор намуд.

Дар нишасти мазкур масъалаҳои марбут ба усулҳои татбиқкунонии устуворӣ дар муҳити зист нисбат ба тағйирёбии иқлим дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуда, мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтанд. Дар он Сардори Агентии давлатии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода, роҳбари генералии АОМЗ (AKAH) ҷаноби Онно Рул, муовини вазири энергетика ва захираҳои обии ҶТ, Шоимзода Ҷамшед Шодӣ ва  cардори иҷроияи АОМЗ дар Осиёи Марказӣ Ҷаноби Наваб Али Хан иштирок намуданд.

Дар нишаст асосан ташаббусҳои ҳукумати Тоҷикистон барои паст кардани ҳаҷми партовҳои он таъкид карда шуд. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми партовҳои Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҳама камтарин буда, Тоҷикистон беш аз 95%  талаботи худро ба нерӯи барқи обӣ таъмин мекунад ва нақша дорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя низ энергияи тозаро интиқол диҳад, то барои кам кардани партовҳои саҳмгузор бошад. Аъзои ҳайати мушовара қайд карданд, ки офатҳои гидрометриологӣ  афзоиш ёфта, Тоҷикистон аз офатҳои иқлимӣ осеби ҷиддӣ дидааст. Кӯҳҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби Осиёи Марказӣ мебошанд, зеро беш аз 60% пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд. Баландшавии ҳарорат боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад ва ҳамасола маҳалҳои аҳолинишин ба ҳодисаҳои обхезӣ, фаромадани тарма, сел ва эрозияи соҳили дарёҳо дучор гардида, ба кишоварзӣ, инфрасохтор ва манзилҳои истиқоматӣ хисорот меоранд, ки он дар навбати худ ба иқтисодиёти кишвар таъсири калон мерасонанд.

Аз он ҷумла, Ҷаноби Абдулло Қурбонзода қайд, намуд ки “дастрасӣ ба маълумоти боэътимод барои банақшагирӣ ва қабули қарорҳо муҳим аст. Бо дастгирии техникӣ оид ба осебпазирии хатарҳо, мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхҳо, аз ҷумла тадқиқотҳои батеметрӣ ва ташкили марказҳои махсуси маълумоти АОМЗ ин норасоиҳоро коҳиш дод». Оғои Шоимзода бар зарурати мушорикатҳо барои ҳалли мушкилоти тағйири иқлим таъкид карда эҳтироз нумуд, ки роҳи ягонаи пешрафт шарикӣ кардан дар ҳама сатҳо мебошад. Ҷаноби Онно Рул гуфт, ки AОМЗ дар минтақаҳои иқлими душвордоштаи ҷаҳон  кору фаъолият карда, ҳадафи аосии он кӯмак ба ҷомеаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматҳо дар барпонамудани макони зисти амн кор мебошад. Вай зарурати эҳёи салоҳиятсозии ниҳодҳои марбутаи давлатӣ баланд арзёбӣ карда, қайд кард, ки онҳо бояд тавоноии мубориза бурдан бо масоили тағйирёбии иқлим дошта бошанд. Ҷаноби Наваб Алӣ Хон гуфт, ки “мушкилоти асосии Тоҷикистон дар атрофи мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим аст ва AKAH барои ҳалли масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо Агентии давлатии обуҳавошиносӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ ҳамкории зич дорад. Вай дар идома гуфт, ки барои ҳалли масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим муҳим аст, ки кишварҳои ру ба таррақӣ ба захираҳои иқлим, аз ҷумла маблағгузорӣ, дониш ва технология дастрасии осон дошта бошанд. Вай ҳамчунин зарурати таҳкими  салоҳиятбунёдкунии ҷамоатҳо ва муассисаҳо дар сатҳи ибтидоиро таъкид кард”.

Пас аз мушовара мулоқоти дуҷониба бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷаноби Баҳодур Шерализода ва Директори иҷроияи Агентии Оғохон оид ба макони зист  Наваб Алӣ Хон баргузор гардид, ки ҷонибҳо зарурати барои густариши ҳамкориҳо ва чаҳорчӯби ҳамкориҳои минбаъда ва амалҳои муштарак дар атрофи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои тағирёбии иқлимро баррасӣ карданд. Баҳодур Шерализода дар бораи барномаи устуворсозии шаҳри Хоруғ, ки дар ҳамкори бо Дафтари Швецария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ  маълумот дод шуд, ки ҳадафи он дастгирии шаҳрҳои хурду бузурге, ки мушкилоти тағирёбии иқлим доранд, ва ҳоло ҳамчун барномаи озмоишӣ амалӣ карда мешавад.

Таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Швейтсария ва Агентии Оғохон оид ба макони зист барои бартараф намудани хатарҳои афзояндаи тағирёбии иқлим дар саросари кишвар ҳамкориҳои дарозмуддат доранд.

Дар бораи Конфронси 27-уми Ҷонибҳо: COP-27 яке аз муҳимтарин нишастҳо оид ба иқлим буда, он пас аз ба мувофиқа расидани Созишномаи барҷастаи Париж дар соли 2015, ки дар Конфронси 21 тадбиқ карда шуд, мебошад. Конфронси дар шаҳри сабзи Шарм-эл-Шайх  баргузор гардида он инчунин 30-уми солгарди қабули Конвенсияи тарафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим ҷашн мегирад. Дарк кардани маъсулиятҳои пешвоёни ҷаҳонӣ барои амалӣ ва табдил намудани қарорҳои калидии иқлим ва амалҳои мушаххас, нақшаҳои боэътимод, баланд бардоштани ташаббусҳо, таҳкими Конфронси қаблии тарафҳо, аз ҷумла натиҷаҳои қаблии Конфронси COP 26 -уми Глазго ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои сатҳи баланд оид ба тағирёбии иқлим, бо мақсади мубориза бурдан ба ҳолатҳои фавқулоддаи иқлим ва амалӣ намудани мақсадҳои  ҳамоҳангшуда барои мубориза бо тағирёбии иқлим ва таъсири он мебошад.

Агентии Оғохон оид ба макони зист таҷрибаи Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Шабакаи рушди Оғохон дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғохон, Фонди Шоҳзода Садриддин Оғохон оид ба Муҳити Зистро муттаҳид менамояд. Тавассути ин ташаббус Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Агентии Оғохон оид ба макони зист бо мақсади ташаккул додани бархӯрди маҷмуӣ ба тамоми ҷузъҳои таркибии муҳити зисти бехатар ва устувор, ки дар он ҷомеаҳо, оилаҳо ва афроди ҷудогона рушду равнақ карда метавонанд, таъсис дода шудааст. Барои мубориза бо таҳдиди афзояндаи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, фаъолияти Агентии Оғохон оид ба макони зист ба таъмин намудани он равона шудааст, ки табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар чунон шароити физикие умр ба сар баранд, ки онҳоро то ҳадди имкон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ эмин нигоҳ дорад; сокиноне, ки дар минтақаҳои дорои хавфи баланд зиндагӣ мекунанд, ба рафъ намудани офатҳо аз ҷиҳати омодагӣ ва посух қодир бошанд; ва чунин шароит дастрасӣ ба он гуна хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва молиявиро фароҳам оранд, ки боиси пайдо шудани имконоти бештар ва сифати беҳтари зиндагӣ мегарданд. Айни ҳол минтакаҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии Оғохон оид ба макони зист ин Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон мебошанд. Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.akdn.org/ouragencies/aga-khan-agency-habitat

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.