“Тангу борик”. Раиси шаҳри Хуҷанд сабаби баста будани роҳи зеризаминӣ дар Хуҷандро шарҳ дод

Роҳи зеризаминии назди Беморхонаи шаҳрӣ ва меҳонхонаи “Эҳсон” дар шаҳри Хуҷанд, ки макони серодам ба ҳисоб меравад, бастааст. Раиси шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки он “тангу борик аст”. Сокинон чӣ кор бояд кунанд? Дар шаҳри Хуҷанд солҳои охир чандин роҳи зеризаминӣ аз истифода мондааст ва сокинон маҷбуранд, ки роҳро аз ҷойи манъшуда убур кунанд, ки ин […]

Роҳи зеризаминии назди Беморхонаи шаҳрӣ ва меҳонхонаи “Эҳсон” дар шаҳри Хуҷанд, ки макони серодам ба ҳисоб меравад, бастааст. Раиси шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки он “тангу борик аст”. Сокинон чӣ кор бояд кунанд?

Дар шаҳри Хуҷанд солҳои охир чандин роҳи зеризаминӣ аз истифода мондааст ва сокинон маҷбуранд, ки роҳро аз ҷойи манъшуда убур кунанд, ки ин боиси эҷоди хатар ба ҷони онҳо мегардад. Аз ҷумла, роҳи зеризаминии назди Беморхонаи шаҳрӣ ва меҳонхонаи “Эҳсон”, ки макони серодам ба ҳисоб меравад, чандин муддат мешавад бастааст.

Пиёдагардоне, ки дар ин макон роҳро аз ҷойи манъшуда убур мекунанд, аксаран мегӯяд, ки баста будани роҳи зеризаминӣ онҳоро маҷбур ба вайрон кардани қоидаи роҳ ва ба хатар гузоштани ҷонашон, мекунад.

Бисёре аз сокинон дар ин минтақаи шаҳри Хуҷанд савол медиҳанд, ки чаро роҳи зеризаминӣ баста аст ва убур аз он манъ шудааст.

Фирдавс Шарифзода, раиси шарҳи Хуҷанд дар нишасти матбуотии ахири худ, тобистони имсол, сабаби аз истифода бозмондани роҳи зеризаминии мавзеи зикршударо фарсудагии он унвон карда буд.

“Ин роҳи зеризаминӣ дар замони Шӯравӣ сохта шудааст ва ба талаботи имрӯза ҷавобгуй нест. Тангу борик аст. Дар ин роҳи зеризаминӣ, мисли роҳҳои зеризаминии муосир, имконияти кушодани мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои савдо вуҷуд надорад”, – гуфта буд раиси шаҳр.

Ӯ ваъда дода буд, ки баъди ба истифода додани биноҳои баландошёнаи канори роҳ, ин роҳи зеризаминӣ пурра ба истифода дода мешавад.

Бо гузашти чанд моҳ аз ин ваъдаи раиси шаҳр, ин роҳи зеризаминӣ то ҳол баста буда, одамон ҳамоно аз қитъаи манъшудаи роҳ убур мекунанд ва ҳаёти худро дар хатар мегузоранд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари қоидавайронкунии пиёдагардон дар роҳи байни бозорҳои Панҷшанбе, Атуш ва Сомон, Беморхонаи шаҳрӣ, маҷмаи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол, чорроҳаи Раҳимии шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта мешавад ва сабаби асоси онро дар набудан ё аз истифода боз мондани роҳҳои зеризаминӣ маънидод мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.