Боздошти ду нафар дар робита ба сӯхторе, ки боиси марги 7 нафар, аз ҷумла як тоҷик гардид

Кумитаи тафтишотии Русия дар пайи сӯхтори як анбори гулҳо дар Маскав, ки дар натиҷа як тоҷик ва шаш рус ҷон бохта буданд, ду нафарро боздошт намудааст. Дар ин бора сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад. Ба зикри манбаъ, дар пайи ин қазия мутахассиси ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхтор Владимир Коновалов ва директори генералии ҶДММ “Ново […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кумитаи тафтишотии Русия дар пайи сӯхтори як анбори гулҳо дар Маскав, ки дар натиҷа як тоҷик ва шаш рус ҷон бохта буданд, ду нафарро боздошт намудааст. Дар ин бора сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.

Ба зикри манбаъ, дар пайи ин қазия мутахассиси ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхтор Владимир Коновалов ва директори генералии ҶДММ “Ново Флое” Антон Мачелюк, ки бинои анбори сӯхтаро ба иҷора гирифта буданд, дастгир шудаанд.

“Муфаттишон боздоштшудагонро бозпурсӣ карда, ба онҳо мутобиқи қисми 3-и моддаи 219 Кодекси ҷиноятии Русия айб эълон карданд”, – навиштааст Кумитаи тафтишотӣ.

Ин ду нафарро бо моддаи зикргардидаи Кодекси ҷиноятии Русия то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бояд гуфт, рӯзи 20-уми ноябр дар як анбори гулҳо дар майдони “Комсомол”-и шаҳри Маскав бар асари риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ сӯхтор сар зад.

Кумитаи тафтишот мегӯяд, ҳама сабаб ва шароити руйдода муайян карда шудааст ва таъмин набудани ҳолатҳои бехатарии сӯхтор сабаби он дониста мешавад.

Дар ҳамин баробар, ВКД-и Русия хабар медиҳад, бар асари ин сӯхтор 7 нафар ба ҳалокат расида ва 7 нафари дигарро кормандони оташнишонӣ наҷот додаанд. Дар байни ҷонбохтагон аз 1 шаҳрвади Тоҷикистон ва 6 шаҳрванди Русия ном бурда мешавад. Ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон зикр нагардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.