Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи СААД ба Арманистон рафт

Имрӯз, 23-юми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба Арманистон сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигар шахсони […]

Asia-Plus

Имрӯз, 23-юми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба Арманистон сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии СААД суханронӣ кунад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони кишварҳои СААД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси САА дар шаҳри Маскави Русия ширкат карда буд.

Дар соли 2022 садорати СААД ба Арманистон дода шуд. 

Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Ӯзбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.