Манъи истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамоку ва ғайритамокуи бедуд дар Тоҷикистон

Дар ин бора Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни як ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку» иттилоъ додааст, менависад АМИТ “Ховар” Ба иттилои ин расона, зимни ҷаласае, ки дар он вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор низ ширкат доштанд, Абдухолиқ […]

Asia-Plus

Дар ин бора Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни як ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку» иттилоъ додааст, менависад АМИТ “Ховар”

Ба иттилои ин расона, зимни ҷаласае, ки дар он вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор низ ширкат доштанд, Абдухолиқ Амирзода гуфтааст, “21 октябри соли 2022 бо қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамоку ва ғайритамокуи бедуд, снюс, ба истиснои нос манъ карда шавад”.

Бояд зикр кард, ки снюс омехтаи хойиданӣ буда, аз 20 то 250 мг никотин дорад. Барои муқоиса, як сигор аз 0,1 то 1,5 мг никотин дорад, яъне дар як қуттӣ снюс он миқдор никотинест, ки ба се қуттии сигор баробар аст.

«Аз сабаби зиёд будани миқдори никотин истеъмоли онҳо боиси ихтилоли нейротоксикӣ мегардад, ки сабаби ихтилоли шуур, мастӣ ва баъдан вобастагии ҷисмонӣ ва рафторӣ мегардад. Бо назардошти он, ки миқдори миёнаи марговари никотин дар як килограмм вазни бадан 0,5-1 мг аст, ин воя барои кӯдакон ва наврасон марговар аст. Ин навъи маҳсулот миёни кӯдакону наврасон хеле маъмул аст, зеро даврашакл буда, мисли қандакҳо ороиш дода шудаанд. Истеҳсолкунандагон кӯшиш менамоянд, ки муштариёнро бо ин роҳ фиреб диҳанд ва ҳатто дар бораи фоидаи ин маҳсулот ба саломатӣ ҳарф мезананд. Дар айни замон ин навъи маҳсулот сертификатсия нашудааст ва ба таври ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад», — гуфтааст Абдухолиқ Амирзода.

Дар ҷаласа пешниҳод шудааст, ки дар қонун манъи воридот, истеҳсол, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯши омехтаҳои тамокуи бедуд, аз қабили снюс ва никпэк нишон дода шаванд.

Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки ҳамаи навъҳои маҳсулоти тамоку ба сигор баробар карда шаванд, зеро баъзе истеҳсолкунандагон бо роҳи фиреб мардумро ба безарарӣ ва баъзан фоидаи маҳсулоти тамоку бовар кунонданӣ мешаванд, ки ин нодуруст аст.

“Инчунин таклиф карда мешавад, ки нархи минималии чаканаи маҳсулоти тамоку ҷорӣ карда шавад — ин нархест, ки маҳсулоти тамоку дар савдои чакана, яъне дар мағозаҳо, тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз он паст фурӯхта намешавад. Ин тадбир ба фурӯши яклухт дахл надорад”, – навиштааст ин расона.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буд, ки иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснуоти тамоку»-ро аз тарафи гурӯҳи ташаббускори депутатҳои парлумон бо назардошти тараққиёти саноати тамоку ва баровардани навъҳои нави маҳсулоти тамоку тафтиш намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио