Истаравшан: Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сузишворӣ

Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки сӯхтор 5-уми декабр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “МегаОйл”-и ҶДММ Оқтансервис рух додааст. Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши бинои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва хазинавии он, дар умум 40 метри мураббаъ ба коми […]

Фарзон Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки сӯхтор 5-уми декабр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “МегаОйл”-и ҶДММ Оқтансервис рух додааст.

Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши бинои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва хазинавии он, дар умум 40 метри мураббаъ ба коми оташ рафтааст. Зарари ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Ба кормандони идораи сӯхторнишонии шаҳр соати 14:58 хабар расид. Соати 15:07 ду мошини сӯхторнишонӣ аз шаҳри Истаравшан ва ду  2 нақлиёти дигар аз ноҳияи Шаҳристон ба макони ҳодиса ҳозир шуда, соати 15:55 оташ пурра хомӯш карда шуд”, – гуфт Қаҳрамон Қодирзода.

Ҳоло сабабу омилҳои сӯхтор мушаххас карда мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд давоми 6-рӯзи моҳи декабр 8 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои масъулини Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд, дар умум давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 461 адад ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.

Дар пайи ин сӯхторҳо як нафар ба ҳалокат расидааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.