Фейк. Кӯмакпулии Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия

Давоми чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилои фейкие мечархад, ки гӯё бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия 12 ҳазору 130 рубли русӣ кӯмаки пулӣ дода мешавад. Дастандакорони ин фейк аз истифодабарандагон хоҳиш мекунанд, ки барои гирифтани маблағ 830 рубл (комисияи интиқол) пардохт карда, рақами корти бонкии худро ворид […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Давоми чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилои фейкие мечархад, ки гӯё бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия 12 ҳазору 130 рубли русӣ кӯмаки пулӣ дода мешавад. Дастандакорони ин фейк аз истифодабарандагон хоҳиш мекунанд, ки барои гирифтани маблағ 830 рубл (комисияи интиқол) пардохт карда, рақами корти бонкии худро ворид кунанд.

Дар робита ба ин, чанде аз хонандагони ОИ “Азия-Плюс” дархост карданд, ки дурустии ин иттилоъро санҷем, то аҳолӣ ба доми чунин қаллобон наафтанд.

Дар сомонае, ки гуфта мешавад, баъди ворид кардани маълумоти шахсӣ тариқи он бояд кӯмаки пулӣ ҷудо карда шавад, чанд нуктаи нодуруст ва ё шубҳаноке ҳаст, ки фейк будани иттилои мазкурро тасдиқ мекунад:

– Ин сомона https://fondi-kumak24.netlify.app/ ном дорад. Вақте онро боз мекунед, сомонаи “Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон” номгузорӣ шудааст. Тавре ба “домен”-и сомона назар мекунед, он тамоман дигар аст ва ба доменҳои Тоҷикистон рабте надорад.

Ҳамчунин, линки сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон mfa.tj аст ва ҳамаи хабарҳои расмии ин ниҳод тавассути ин сомона интишор мешавад.

– Дар “нусхаи қарори президенти Тоҷикистон” дар бораи ҷудо кардани кӯмаки пулӣ ба шаҳрвандони муқими Русия, ки дар ин сомона ҳаст, ба ғайр аз хатогиҳои имлоӣ дар худи “қарор” ҳамчунин, имзои Эмомалӣ Раҳон низ дигар аст ва ба ҳуҷҷатҳои расмӣ монанд нест. Ҳуҷҷатҳои расмӣ дорои чунин хатогиҳои имлоии ҷиддӣ ва номутобиқатҳо нестанд.

– Дар наворе, ки гӯё Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар бораи кӯмак ба аҳолии бекормондаи Русия суҳбат мекунад, қаллобон парчами Тоҷикистонро дар кунҷи видео ҷой дода, ҳамчун тасдиқи хабари бардурӯғи худ истифода кардаанд.

– Ҳамаи матнҳое, ки ба даъвати пур кардани анкета ва ё иттилоъ дар бораи ҷудо кардани маблағ нашр шудааст, дорои хатогиҳои имлоӣ буда, эҳтимол аз русӣ ба тоҷикӣ тариқи тарҷумони Google баргардон шудааст.

– Дар қисмати поёнии ин сомона, ки маъмулан суроғаи сомона ва созандагони он ҷой дода мешавад, бо забони ӯзбекӣ “© Мигранларга моддий ёрдам, все права защищены, 2010-2022” дарҷ шудааст ва ин бори дигар собит менамояд, ки ин сомонаи тақаллубӣ аст.

– Ҳамчунин, дар шарҳи суроғаи ҳуқуқии сомона “101000 Москва, ул. Новорязанская 18, оф. 372” навишта шудааст. Ҳангоми санҷиши суроға мо чанд сомонаи дигарро пайдо кардем, ки ба қаллобӣ машғул аст ва ин суроға нишон дода шудааст.

– Зимнан дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва дигар сомонаҳои расмии кишвар хабаре бо чунин мазмун чоп нашудааст ва фармони мазкур дар сомонаи президенти Тоҷикистон ёфт нашуд.

Санҷиши кутоҳи мо маълум кард, ки иттилоъ дар бораи ба шаҳрвандони Тоҷикиистони муқими Русия додани 12 ҳазору 130 рубл кӯмаки пулӣ фейк буда, ҳадафи дастандакорони он гирифтани маблағи корбарон бо баҳонаи комисия, маълумоти шахсии корбар, махсусан рақамҳои кортӣ ва ба ин роҳ, аз худ кардани маблағи суратҳисоби бонкии онҳо аст.

То ҳол маълум нест, ки чанд нафар ба доми ин қаллобон афтода маблағҳои худро аз даст додаанд.

Аз ин пештар ҳам дар фазои маҷозӣ чунин “фейк”-ҳо ҷой доштанд ва ҳадафи онҳо ба даст овардани маблағи аҳолӣ асту халос. Аз ин рӯ, аз аҳолӣ, махсусан муҳоҷирони тоҷик даъват карда мешавад, ки ба чунин фейкҳо бовар накунанд ва маълумоти шахсии худро ба чунин сомонаҳо ворид нанамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.