“Зеҳну шуури ҷомеаро аз фарҳанги бегона ҳифз намоед”. Талаби Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони амният

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми декабр, дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон онҳоро ба риояи талаботи ойинномаву низомномаҳои ҳарбӣ, иҷрои вазифаву ваколатҳои тибқи қонун пешбинигардида, интизоми ҳарбӣ, тарбияи кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон даъват кард.

Хадамоти матбуотии президент бо нашри чанд акс аз ҷаласаи тантанавӣ навишт, ки роҳбари давлат кормандони мақомоти амнияти миллиро вазифадор кард, ки беш аз ҳарвақта ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар доираи ваколатҳои бо қонун муқарраршудаи худ амал намуда, бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм, ақидаҳои мутаассибонаву хурофотӣ бо дарки амиқи масъулияти касбӣ мубориза баранд ва зеҳну шуури ҷомеаро аз таъсири фарҳанги бегонаву мафкураи ҷоҳилона ҳифз намуда, фаъолияти худро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ҷинояткориҳо тақвият бахшанд.

“Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароиро низ Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин, зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа арзёбӣ намуданд”, – омадааст дар иттилои хадамоти матбуотии президент

Гуфта шуд, ки мулоқоти имрӯза дар давраи бисёр мураккаби муносибатҳои геополитикӣ, шиддат гирифтани мухолифату низоъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб дар ҷаҳони муосир баргузор мегардад ва вусъати бесобиқа касб кардани фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ, дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷангу низоъҳо дар минтақаҳои мухталифи сайёра омили таҳдиди ҷиддӣ ба суботу оромии кишварҳои сайёра мубаддал гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2011 Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола 28 декабр таҷлил мегардад.

Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КАМ) соли 1991 таъсис ёфта, соли 1995 аз нав ташкил шуда, ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ гардида буд, аммо соли 2006 ин вазорат фаъолияташро қатъ кард ва ба ҷойи он Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( КДАМ Тоҷикистон) таъсис ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...