“Зеҳну шуури ҷомеаро аз фарҳанги бегона ҳифз намоед”. Талаби Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони амният

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми декабр, дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон онҳоро ба риояи талаботи ойинномаву низомномаҳои ҳарбӣ, иҷрои вазифаву ваколатҳои тибқи қонун пешбинигардида, интизоми ҳарбӣ, тарбияи кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон даъват кард. Хадамоти матбуотии президент бо нашри чанд акс […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми декабр, дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон онҳоро ба риояи талаботи ойинномаву низомномаҳои ҳарбӣ, иҷрои вазифаву ваколатҳои тибқи қонун пешбинигардида, интизоми ҳарбӣ, тарбияи кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон даъват кард.

Хадамоти матбуотии президент бо нашри чанд акс аз ҷаласаи тантанавӣ навишт, ки роҳбари давлат кормандони мақомоти амнияти миллиро вазифадор кард, ки беш аз ҳарвақта ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар доираи ваколатҳои бо қонун муқарраршудаи худ амал намуда, бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм, ақидаҳои мутаассибонаву хурофотӣ бо дарки амиқи масъулияти касбӣ мубориза баранд ва зеҳну шуури ҷомеаро аз таъсири фарҳанги бегонаву мафкураи ҷоҳилона ҳифз намуда, фаъолияти худро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ҷинояткориҳо тақвият бахшанд.

“Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароиро низ Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин, зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа арзёбӣ намуданд”, – омадааст дар иттилои хадамоти матбуотии президент

Гуфта шуд, ки мулоқоти имрӯза дар давраи бисёр мураккаби муносибатҳои геополитикӣ, шиддат гирифтани мухолифату низоъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб дар ҷаҳони муосир баргузор мегардад ва вусъати бесобиқа касб кардани фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ, дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷангу низоъҳо дар минтақаҳои мухталифи сайёра омили таҳдиди ҷиддӣ ба суботу оромии кишварҳои сайёра мубаддал гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2011 Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола 28 декабр таҷлил мегардад.

Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КАМ) соли 1991 таъсис ёфта, соли 1995 аз нав ташкил шуда, ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ гардида буд, аммо соли 2006 ин вазорат фаъолияташро қатъ кард ва ба ҷойи он Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( КДАМ Тоҷикистон) таъсис ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.