Лутфулло Давлатов ба нафақа рафт. Ба курсии ӯ писари Ибодулло Машраб нишаст

Луфтулло Давлатов, ҳунарпешаи шинохтаи кишвар аз роҳбарии Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Абдукарим Машрабов, ҳунарманди ҷавон ва писари муовини собиқи вазири фарҳанг Ибодулло Маршрабов таъйин гардид. Аз Вазорати фарҳанг бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ин тағйирот бо фармони Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг сурат гирифт ва сабаби […]

Луфтулло Давлатов, ҳунарпешаи шинохтаи кишвар аз роҳбарии Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Абдукарим Машрабов, ҳунарманди ҷавон ва писари муовини собиқи вазири фарҳанг Ибодулло Маршрабов таъйин гардид.

Аз Вазорати фарҳанг бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ин тағйирот бо фармони Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг сурат гирифт ва сабаби барканории Лутфулло Давлатов ба синнӣ нафақа расидани ӯ аст.

Лутфулло Давлатов мутаваллиди соли 1958 аст ва 20-уми декабри соли равон ӯ 64-сола шуд. Синни ниҳоии нафақа дар Тоҷикистон 63 аст.

Гуфта мешавад, ки Абдукарим Машрабов, ҳамакнун роҳбари нави театри “Лоҳутӣ” 39-сола буда, соли 1983 дар Душанбе таваллуд шудааст.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, чанд сол дар театре, ки акнун роҳбарӣ мекунад, кор кардааст.

Абдукарим писари Ибодулло Машраб ҳунарпешаву коргардони шинохта ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мебошад, ки чанд сол ба ҳайси муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон низ кор кардааст.

Лутфулло Давлатзода низ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода буда, фаъолияташро аз Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Конибодом оғоз кардааст.

Баъди адои хизмати ҳарбӣ аз соли 1981 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ фаъолият карда, солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон буд.

То таъйин шудан ба вазифаи директори театр 6 сол ба ҳайси директори телевизиони «Сафина» кор кардааст. Аз соли 2015 инҷониб директори Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.