Аз 30 ҷавони муваффақ то “суд”-и Домулло Абдураҳим. 10 маводи серхонандаи “Азия-Плюс” дар соли 2022

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бахши тоҷикии сомонаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон яке аз пурхонандатарин пойгоҳҳои хабарӣ боқӣ мемонад. Дар соли 2022 тамоми мундариҷаи сомонаи “Азия-Плюс” 1 миллион хонанда дошт.

Мувофиқи маълумоти “Google Analytics” ва “Yandex.Metrica”, мо 10 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии гурӯҳи расонаҳоро барои соли 2022 интихоб кардем.

30 ҷавони муваффақи Тоҷикистон

Хабари дар садри рӯйхати 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистон қарор гирифтани Исмоили Зоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон ва эълони исми дигар ҷавонони муваффақи кишвар дар соли 2021, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонону варзиши Тоҷикистон омода гардид, дар сомонаи мо 33 ҳазор маротиба хонда шуд.

Посухи Қосими Роҳбар дар бораи беш аз 9 млн доллари марбут ба ӯ

Посухи Қосими Роҳбар, раиси кунунии шаҳри Ҳисор ва раиси собиқи вилояти Суғд дар бораи пайдо шудани беш аз 9 млн доллар дар суратҳисобаш дар яке аз бонкҳои Швейтсария, ки ӯ онро ба теракти моҳи апрели соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд рабт доду гуфт, бемору беҳуш буд, ба номаш суратҳисоб кушодаанд, 11,5 ҳазор маротиба мутолиа шудааст.

Шарҳи Далер Ҷумъа дар робита ба суханронии пурсарусадояш дар Хоруғ

“Суханронӣ дар робита ба ҳаводиси ВМКБ вазифаи ҷониам буд”-, гуфтани Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки  лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ-ро ба дахолат ба кори мақомот гунаҳкор ва дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро талаб кард, бо қариб 9,5 ҳазор маротиба мутолиа дар рӯйхат дар ҷои сеюм қарор гирифт.

Даъвати Ато Мирхоҷа аз зодаҳои ВМКБ барои ҳаводиси Хоруғ

Даъвати Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандони Тоҷикистон аз мансабдорони пешинаву ҳозира, аҳли зиё, вакилон ва шахсиятҳои бонуфузи зодаи ВМКБ дар робита ба муайян кардани мавқеашон оид ба ҳаводиси ВМКБ ва талабаш аз онҳо, ки пинҳон нашаванд, бароянд ва мансабҳоро ҳалол кунанд, 9 ҳазор маротиба хонда шуд.

Ҳалокати Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ

Ҳалокати Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, яке аз мубаллиғон ва ҷонибдорони сарсупурдаи Толибон* дар пайи таркиши шадид дар масҷиди шаҳри Ҳироти Афғонистон, ки имоматии намозро ба зимма дошт, 6 ҳазору 400 маротиба мутолиа шудааст.

Мусоҳибаи кутоҳ бо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров

Мусоҳибаи кутоҳи телефонии “Азия-Плюс” бо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ (баъдан кушта шуд), ки Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи ин вилоят дар як навори видеоӣ ӯро ба лату кӯб, ҳақорат ва тарк кардани вилоят гунаҳкор мекард, беш аз 6 ҳазор маротиба мутолиа шудааст.

Боздошти мард бо гумони таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ

Хабари боздошти як сокини 40-солаи шаҳри Душанбе бо гумони таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ дар ҳолати мастӣ ва пинҳон кардани ҷасад дар байни рахти кӯрпаҳо, ки баъди 10 рӯз пайдо гардид, дар бахши тоҷикии мо 6 ҳазор маротиба хонда шуд.

Вазири нави маориф кист?

Муаррифии Раҳим Саидзода, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон, ки баъди танқиди соҳаи маориф аз сӯи президент таъйин гардид, яке аз пурхонандатарин хабарҳои мо дар соли равон буд. Онро қариб 6 ҳазор маротиба хонданд.

Тамдиди муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо

Тамдиди муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт) то 15-уми феврали соли 2023, ки байни ҷомеа баҳсҳои гармро ба миён овард, дар бахши тоҷикии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” 5 ҳазору 800 маротиба мутолиа гардид.

Баҳси Абдуқодир Талбаков бо домулло Абдураҳими Қазоқонӣ

Тасмими ба додгоҳ кашидан ва 1 млн сомонӣ товон талаб кардан аз домулло Абдураҳими Қазоқонӣ, яке аз имомхатибони шинохтаи Душанбе аз сӯи Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи Лоҳутии пойтахт, ки мавзуъҳои ҳасоси диниро ба баҳс мекашад, дар 10-гонаи пурхонандатарин хабарҳои мо дар ҷои охир қарор гирифт. Онро 5 ҳазору 300 маротиба мутолиа карданд.

PS: Хонандагони гиромӣ, умедворем, соли шумо низ бобарор гузашт, натиҷаҳои онро хуб ҷамъбаст карда, хулоса ва нақшаҳои соли ояндаатонро  маълум кардед. Бо мо бимонед, ваъда медиҳем, ки шуморо аз охирин ва муҳимтарин хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон огоҳ хоҳем кард.

Моро дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК пайгирӣ кунед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...