Ҷасад 10 рӯз дар байни кӯрпаҳо буд. Боздошти марди 40-сола бо гумони таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Як сокини шаҳри Душанбе бо гумони таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ин мард дар ҳолати мастӣ духтарро таҷовуз карда, баъд  ба қатл расонида, дар байни рахти кӯрпаҳо пинҳон кардааст. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар додааст.

Дар хабарномаи ин ниҳод гуфта мешавад, ки рӯзи 9 марти соли равон, дар манзили истиқоматии як сокини кучаи Қаҳҳоров 149, ҷасади дар хун оғуштаи як духтари ноболиғи 14 – сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.

Ду рӯз пештар, истиқоматкунандагони ин бино ба “Азия – Плюс” муроҷиат карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки рӯзи 10 марти соли равон дар ҳамсоягии онҳо ҷасади як духтари 14 – соларо дар миёни рахти курпаҳо дарёфт кардаанд.

Ба иттилои онҳо, чанд рӯз пеш аз ин, соҳибхона як усторо барои таъмири хонааш даъват карда, калидро ба ӯ додаанд.

– Соҳибхона дар он хона зиндагӣ намекард. Баъди он ки таъмир тамом мешавад,  соҳибхона ва ҳамсояҳо дар ин хона бӯйи бадро ҳис мекунанд. Соҳибхона мехоҳад гилемро барои шустушӯй барад, вақте сандуқашро мебардорад, дар дохили курпаҳои болои сандуқ, ҷасади духатар, ки дар “одеяло” печонида шуда буд, меғалтад,- гуфта буд, хонандаи “Азия – Плюс”.

ВКД мегӯяд, гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят, шаҳрванди 40 – сола Шерстов Владимир Илич, ки истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аст, дастгир гардид.

Ин ниҳод, афзудааст, ки Владимир Илич ҷиноятро рӯзи 28 феврал содир карда, ҷасади духтарро 10 рӯз пас – 9 – уми март бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар байни кӯрпаҳо пайдо кардаанд.

– Пас аз истеъмоли аз меъёр зиёди нӯшокиҳои спиртӣ, гумонбаршуда духтари ноболиғи ин хонаро, ки дар ҳуҷраи дигар будааст таҷовуз мекунад ва сипас барои рӯпуш намудани ҷинояташ духтарро буғи карда мекушад ва байни курпаву курпача пинҳон намуда, фирор мекунад, – гуфтааст ВКД.

Аз РВКД шаҳри Душанбе ба “Азия – Плюс” гуфтанд, ки марди гумонбар бо духтари ноболиғи кушташуда ва модари ӯ робита дошт ва онҳо бо ҳам дар кӯчаҳо зиндагӣ мекарданд.

– Ноболиғе, ки кушта шуд, бо духтари гумонбар дугона буданд. Ин мард бо модари ноболиғи кушташуда робита дошт ва бо ҳам дар як сарпаноҳ дар кӯча, мисли бесарпаноҳ (бомж) зиндагӣ мекарданд. Вақте соҳиби ин хона ӯро барои таъмири хонааш даъват мекунад, мард духтари ӯ (зан) – ро бо худ мегирад ва духтар дар ҳуҷраи дигар хоб мекард. Яъне духтари кушдашуда ба соҳибхона рабте надорад, – гуфтанд аз РВКД шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки нисбати боздоштшуда бо гумони одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2 -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар сурати тасдиқ гардидани гуноҳи гумонбар, ӯро аз 15 – 25 сол ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир ҳодисаҳои пурсарусадои таҷовуз ва қатли ноболиғон дар кишвар зиёд садо медиҳад. Аз ҷумла, аввали моҳи июли соли 2021 сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятоваи 7-сола мавриди таҷовуз қарор гирифта, кушта шуд.

Рӯзи дигар ҷасади пурзахму пора-порашудаи ӯро дарёфтанд. Баъди боздошт шудани гумонбар, ки аз он Раҳматулло Гадоев, ҳамсояи онҳо ном бурда мешавад, зикр шуд, ки ӯ бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.

Нисбати ин ҳодиса дар ҷомеа сарусадоҳои зиёд баланд шуд: намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дархост намуданд, ки ҷазо нисбати чунин шахсони ҷинояткор сангинтар карда шавад. Гумонбари ин ҳодиса, ки ҳамсояи Рафайда буд, бо қарори додгоҳ ба ҳукми абад маҳкум шуд.

Ҳамин тариқ, моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон гумонбар ба таҷовуз ва қатли ноболиғи 9-сола дар ноҳияи Хуросонро ба ҳукми абад маҳкум кард.  Гуфта мешуд, ки 16 августи соли 2021 сокини 45-солаи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон Рустам Болтахонов ба номуси духтари 9-солаи маҳаллӣ дастдарозӣ намуда, сипас барои пинҳон кардани изу аломатҳои ҷиноят кӯдакро буғӣ карда куштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...