Вазири нави маориф кист? Ректори собиқ, муовини ректор, сардори хадамоти Вазорат ва зодаи Ҳамадонӣ

Asia-Plus

Раҳимҷон Саидзода, ки бар пайи тағйироти кадрии имрӯз ба курси вазири маориф ва илми Тоҷикистон такя зад, кист? Ҳарчанд ӯ дар доираҳои илму маориф як чеҳраи ошно аст, аммо дар сатҳи ҷомеаи Тоҷикистон чандон шахсияти шинохташуда набуд. Ҳарчанд то ин вақт дар мансабҳои баланде ҳам кор кардааст.

Раҳимҷон Саидзода ва исми хонаводаи эшон дар доираҳои мансабдориву сиёсии Тоҷикистон номи ошное ҳаст.

Фирдавс Саидзода Ҳамро яке аз бародарони вазири тозатаъини маориф муовини Рустами Эмомалӣ дар ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Бародари дигараш Ҷамшед Саидзода Ҳамро, раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аст, ки дар гузашта муовини раиси шаҳри Душанбе ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳам буд.

Саидзода дар ҳоле ба курсии вазири маориф такя мезанад, ки ҳамтои пешинаш бар пайи як идда изҳорот, аз ҷумла дар бораи маршировкаву тарки кор кардани муаллимону ба хидмати сарбозӣ ҷалб шудани донишҷӯёну магистерон сари забонҳо буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми ахираш ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифро интиқоди шадид кард ва гуфт ин бахш ниёз ба ислоҳоти фарогир дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паём, аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид карда буд.  Ӯ гуфта буд, системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст ва омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.

– Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем, – гуфта буд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".

Имомзода вазири акнун барканоршудаи маориф дар нишасти ахири хабарии вазорат, рӯзи 3-юми феврал интиқодҳои президентро "сад дар сад дуруст" арзёбӣ кард ва  ваъдаи ислоҳот дода буд.

Акнун ба назар мерасад, ки Раҳимҷон Саидзода ислоҳотеро, ки президент ишора карда буд, бояд дар бахши маорифи кишвар роҳандозӣ кунад.

Ислоҳоте, ки барои вазири нав ба роҳатӣ ба даст нахоҳад омад. Зеро дар ин авохир устодону омӯзгорони мактабҳои кишвар фавҷ-фаҷ тарки соҳа карда рӯй ба муҳоҷират меоаваранд. Ва дар пайи тағйирот дар қонунгузории кишвар ва ба хидмати сарбозӣ ҷалб шудани магистерон ва ҳатто донишҷӯён,  солҳои ахир шумораи довталабони мактабҳои олӣ низ ба маротиб кам шудааст.

Вазири нави маорифи Тоҷикистон 53 сол дорад ва дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон зода шудааст. То ин дам мудири филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологиии Маскав дар шаҳри Душанбе буд.

Саидзода доктори илмҳои техникӣ ва профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ мебошад. 

Вазири нави маориф 7 июни соли 1969 таваллуд шуда, солҳои 1986-1993 аз факулати автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фориғ шудааст.

Солҳои 1987-1989 дар хидмати сарбозиро дар шаҳри Горкийи Русия ба поён расонидааст.

Корро ба унвони устоди кафедраи бехатари фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғозкарда, баъдан дар вазифаи муаллими калон ва дотсенти ҳамин донишгоҳ идома додааст.

Солҳои 2005-2009 директори Коллеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2011-2015 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд, ки ин ниҳод ҳоло ниҳоди ҷудогонае бо номи Оҷонсии давлатии назорати маорифи Тоҷикистон мебошад.

Баъдан сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф  буд.

Ҳамчунин то таъин шудан ба вазифаи мудири филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологиии Маскав дар шаҳри Душанбе, муовини аввали ректори Донишгоҳи техникӣ буд. 

Саидзода соли 1998 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи "Хӯлаҳои алюминий ва берилий бо баъзе маталҳои нодирзаминӣ" ва соли 2017 рисолаи докториашро дар мавзӯи "Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ" ҳимоят намудаст.

Саидзода ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро дар соли 1999 низ ба даст овардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...