Қатъи истеҳсоли доруи “Док-1 Макс”. Дар Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, дар Тоҷикистон шикоят нест

Asia-Plus

Танзимгари миллии Ҳиндустон рӯзи 29 декабр хабар дод, ки ширкати Marion Biotech истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кардааст. Дар Ӯзбекистон баъди истифодаи ин дору 19 кӯдак фавтид.

Як кӯдаки якунимсола дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон 28 декабр баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" ҷон бохтааст.

Додситонии вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дар робита ба марги кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишотро оғоз кардааст.

Теъдоди кӯдаконе, ки дар Ӯзбекистон баъди истеъмоли доруи мазкур ҷон бохтанд, ба 19 расид. Ин доруро ширкати ҳиндии "Marion Biotech" истеҳсол кардааст.

Қаблан Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар дода буд, ки дар робита ба марги 18 кӯдак баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Шурӯъ аз 22 декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Ӯзбекистон манъ шудааст. Дар робита ба марги кӯдакон дар Ӯзбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати тандурустӣ 27-уми декабр ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ин навъ дору як сол ин ҷониб ба Тоҷикистон ворид намешавад.

Оҷонсии иттилооти  “Авеста” бо такя ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки соли ҷорӣ доруи “ДОК-1 Макс” дар шакли шарбат ва ҳаб ба кишвар ворид нашудааст ва маротибаи охир ин дору ба кишвар соли 2021 ворид гардидааст.

Ин расона аз қавли манобеи худ менависад, ки “ин навъи дору дар дорухонаҳо дар фуруш ҳаст, вале аз он шикояте то ҳол ворид нашудааст”.

“Мо барои муваққатан боздоштани фурӯши доруи “ДОК-1 Макс” асос надорем. Хушбахтона, дар натиҷаи истифодаи ин дору ягон ҳодисаи мушкилшавӣ ё маргу мир ба қайд гирифта нашудааст, бахусус аз он замоне, ки мо фурӯши маҳсулоти дорусозиро қатъӣ назорат дорем”, – иқтибос овардааст “Авеста”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...