Аз ҳама бештар дар Панҷакенту Исфараву Куҳистони Мастчоҳ. 767 ҳодисаи фавқулода дар Суғд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Соли 2022 дар ҳудуди вилояти Суғд 767 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии зарари расонидашуда аз ин ҳисоб 7 миллиону 644 ҳазору 371 сомониро ташкил додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри иттилоъ аз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд гуфтааст, ки ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ашт, Б.Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра 13 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ менависад, ки сардорони шуъбаҳои Исфара ва  Бобоҷон Ғафуров доир ба барқарорсозии манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои байнисарҳадӣ зарардида, сари вақт расонидани кумакҳои ҳукумати кишвар ба оилаҳои зарардида маълумоти муфассал пешниҳод кардааст.

“Сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ба фаъолияти пурсамар дар ин самт дар семоҳаи аввали соли 2023  доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани техникаҳои муҳандисӣ, вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳо,таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ,  захира намудани маводи хӯрока, сузишворӣ ва доруворӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмони манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардида ва пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ таъкид намуд”, – хабар медиҳад ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, соли 2022 дар кишвар чанд офати табиӣ ба амал омад, ки боиси зарар ба ҷону моли аҳолӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...