“Издивоҷи шумо қалбакист”. Дар Калуга 2 ҳазор нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд

Asia-Plus

Дар вилояти Калуга ҳудуди 2000 нафарро бар асоси издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Дар ин бора 28-уми декабри соли 2022 губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша дар мулоқот бо сармуҳаррирони расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, менависад хабаргузории Красная Весна.

Бино ба иттилои ин расона, Владислав Шапша гуфтааст, ки теъдоди иҷозатнома барои шаҳрвандӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар кам шудааст.

Губернатори вилояти Калуга ҳамчунин гуфтааст, ки ин минтақа ширкат дар барномаи дарёфти шаҳрвандиро қатъ кардааст.

“Мо якҷоя бо прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тафтиши ақди никоҳҳои қалбакӣ корҳои зиёде анҷом додем. Дар тӯли ин шаш моҳ тақрибан 2000 нафар бо сабаби издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии худ маҳрум шуданд”, – гуфтааст Шапша.

Роҳбари вилоят ҳамчунин дар бораи вокуниши афроде, ки бо роҳи издивоҷ барои гирифтани шаҳрвандӣ талош мекунанд, гуфтааст: “Ҳоло хориҷиҳо дарк кардаанд, ки ин роҳ бастааст. 73 аризае, ки чанде пештар ба идораи САҲШ пешниҳод дода шуда буд, сабт нагардиданд. Сабаб маълум аст”.

Гуфтан ба маврид аст, ки издивоҷ бо шаҳрванди Русия яке аз роҳҳои осони ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар мебошад, ки бисёре аз муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон аз он истифода мекунанд. Русия солҳои охир назорат аз болои дастрас кардани шаҳрвандии ин кишвар тариқи издивоҷро пурзӯр карда, мақомоти ин давлат баъзан аз ошкор шудани издивоҷҳои қалбакӣ иттилоъ медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...